Пешнависи табодули асирон бо Телавив дар интизори посухи муқовамат

Пешнависи табодули асирон бо Телавив дар интизори посухи муқовамат

 Ҳаниа: “Барои баррасии тавофуқ, ба Қоҳира даъват шудем”

Ахбори байналмилал

Irna

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, имрӯз (сешанбе, 30 январ) эълом кард, ки мақомоти ҷунбиши Ҳамос барои баррасии тавофуқи баромада аз нишасти ахир дар шаҳри Порис ба манзури оташбас дар Ғазза, ба Қоҳира даъват шудаанд ва авлавияти ин ҷунбиш, поён додан ба таҷовузгарии режими Исроил ва хуруҷи комили артиши ишғолгар аз навори Ғазза аст.

Ба гузориши Ирно, Исмоил Ҳаниа тасреҳ кард: “Мо барои гуфтугӯ дар бораи тавофуқи баромада аз нишасти Порис ба Қоҳира даъват шудем. Мо мавзеъи Миср ва Қатар барои дастёбӣ ба як тавофуқи оташбаси пойдор дар Ғазза ва ҳамчунин мавзеъи Қоҳира дар радди ҳар гуна ҳузури артиши Исроил дар меҳвари Салоҳуддин (Филаделфия) дар марзи навори Ғазза ва Мисрро арҷ мениҳем.”

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард, ки тасмими Вошингтун ва бархе кишварҳои ғарбӣ барои таълиқи кӯмак ба Ожонси имдодрасонии Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) комилан бо ҳукми Додгоҳи девони байналмилалии додгустарӣ дар Лоҳа (Гаага) муғойират дорад.

Вай идома дод: “Авлавияти ин ҷунбиш поён додан ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ва ақибнишинии комили низомиёни саҳюнист аз навори Ғазза аст ва Ҳамос аз тамоми пешниҳодҳое, ки ба поён ёфтани таҷовуз ба Ғазза ва паноҳ додани оворагон мунтаҳӣ шавад, истиқбол мекунад.”

Ҳаниа хотирнишон кард, ки Ҳамос пазирои ҳар гуна гуфтугӯ дар ростои бозсозии Ғазза, табодули асирон ва тазмини озодии асирони фаластинӣ аст.

Вай таъкид кард: “Ҷаҳониён бояд барои таваққуфи кушторҳо ва ҷиноёти ҷангӣ, аз ҷумла сиёсати муҷозоти мардуми Фаластин дар каронаи Бохтарӣ, ба ишғолгарон фишор биёваранд.”

Ҳаниа гуфт: “Мо ҳамалот ба бародаронамон дар Лубнон, Яман, Сурия ва Ироқ ва идомаи таҳдидҳо алайҳи Эронро маҳкум мекунем.”

Ба гузориши Ирно, шабакаи хабарии NBC News-и Омрико рӯзи душанбе ба нақл аз як манбаъи огоҳ эълом кард, ки музокиракунандагони режими Исроил, Омрико, Миср ва Қатар рӯзи якшанбе дар Порис бар сари чорчӯбе барои табодули асирони саҳюнист ва асирони фаластинӣ ба тавофуқ расиданд.

Ин шабака ба нақл аз манбаъи огоҳи худ гуфт, ки ин тавофуқ шомили озодии асирони омрикоӣ ва саҳюнисти боқимонда мешавад, ки ба сурати марҳилаӣ аст ва ибтидо занон ва кӯдакон озод мешаванд.

NBC News афзуд: “Ин тавофуқ ҳамчунин шомили таваққуфҳои марҳилаӣ дар ҷанг ва ирсоли кӯмак ба Ғазза ва табодули асирони фаластинӣ аст ва пешнависе аз ин тавофуқ ба Ҳамос ироа мешавад.”

Ин расонаи омрикоӣ идома дод: “Музокиракунандагон шомили нахуствазири Қатар ва раҳбарони созмонҳои иттилоотӣ буданд.”

Ҷунбиши Ҳамос имрӯз (сешанбе, 30 январ) эълом кард, ки поёни ҳафтаи ҷорӣ ба тавофуқҳои суратгирифта посух хоҳад дод.

Irna

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вақте футбол ин ҳама тағйирот эҷод мекунад ҳатто дар даруни инсонҳо (1)
Тазоҳурот дар ҳимоят аз Фаластин дар Амрико

Матолиби пурбоздид