Пешниҳод тасвиби Қонуни асосии ҷадиди Қазоқистон тавассути ҳамапурсии миллӣ
Ахбори минтақа
Дар ҷараёни нишасти Комиссияи қонуни асосии Қазоқистон пешниҳоди тасвиби Қонуни асосии нави кишвар тавассути баргузории ҳамапурсии миллӣ мавриди ҳимоят қарор гирифт.
Тибқи иттилоъ, аъзои комиссия бар ин назаранд, ки муроҷиат ба иродаи мустақими мардум метавонад ба қонунияти бештар ва қабули фарогири ислоҳоти конститутсионӣ мусоидат намояд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамапурсӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дар раванди таъйини сохтор ва самти ояндаи идоракунии кишвар нақши фаъол дошта бошанд.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки тарҳи Қонуни асосии нав пас аз баррасиҳои густарда ва дарназардошти ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ омода гардида, ҳадафи он таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва густариши ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.
Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Қазоқистон дар солҳои ахир раванди ислоҳоти сиёсиро идома дода, талош дорад бо ҷалби бештарии мардум ба тасмимгириҳои калидӣ, пояҳои идоракунии демократиро тақвият бахшад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













