Пирӯзӣ дар авҷи нобоварии худи мусалмонон

Таҳлили хабарӣ

Пирӯзӣ дар авҷи нобоварии худи мусалмонон

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

“Пирӯзӣ, дар авҷи ба худ бовар надоштани мусалмонон”

Худоро сипосгузорам, ки дар ин замон зиндагӣ мекунам; дар замоне, ки як шумори бисёр андак аз уммати мусалмон, бо васоил ва абзорҳои бисёр содда ва андак, бар гурӯҳе ба зоҳир нерӯманд – ки тамоми абарқудратҳои ҷаҳон пушти сари ӯ ҳастанд ва ӯро ҳамаҷониба кӯмак мекунанд – ғолиб меояд; ғалаба ва пирӯзӣ ба тамоми маънои калима. Яъне дар замоне, ки фаластиниҳо бар саҳюнистҳо пирӯз мешаванд.

Шояд бипурсед, кадом пирӯзӣ?! Ин пурсиш баҷост, хусусан аз сӯйи одамҳое, ки меъёри онҳо дар шикасту пирӯзӣ аввалан, адади кушташудаҳост ва сониян, муҷаҳҳаз будан ба тамоми васоили рӯз, ки аксарият имрӯза мутаассифона чунин меандешанд.

Дар посух аммо мегӯям: эъломи Бойден, раиси ҷумҳури Омрико дар бораи оташбас дар Ғазза, бар ин иддаъо кофист.

Намедонам, оё эъломи Бойденро дидед ё на, вале айни ҳамон чизе аст, ки Ҳамос аз аввали ин набард хостори он буд; хуруҷи нерӯҳои саҳюнист аз Ғазза бидуни қайду шарт, озодии асирони саҳюнист дар муқобили озодии зиндониёни фаластинӣ. Магар Ҳамос ва нерӯҳои муқовимат ғайр аз ин мехостанд?!

Ин яъне “Вой” аз сӯйи душман! Аз сӯйи саҳюнистҳо, ки ҷор мезаданд, ин мекунему он мекунем! Ҷор мезаданд, инему онем! Мунтаҳо, “Вой” на ба забони худашон, балки ба забони Бойден.

Агар саҳюнистҳо инро қабул надоранд, хуб бигӯянд, ки нахоҳанд гуфт.

Ва ин – ки бо тамоми масъулият инро мегӯям – дар 500 соли ахир, барои уммати исломӣ бесобиқа аст, барои аввалин бор аст. Мо дар 500-600 соли ахир якчунин чизеро суроғ надорем, агар нагӯям дар ҳазор соли ахир. Гузашта аз ин ки таърихи башарият дар сад солаи ахир назири инро надида.

Ва ҷойи тааҷҷубаш ин аст, ки: тамоми инҳо дар замонест, ки аксарияти уммати исломӣ ба худаш бовар надорад, руҳан шикаст хӯрдааст. Бале, ҳамин алъон ҳам бовар надорад, ки Фаластин бар Исроил пирӯз шуда. Онро тавҷеҳ мекунад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Бояд ин ғуддаи саратонӣ (Исроил)-ро решакан кунем!”
Аҳамияти сангнавиштаи Бобур  дар сари чашми Оббурдони Масчо

Матолиби пурбоздид