Посух ба як шубҳа
“Инсон дар умқи фитрати худаш лоятаноҳиро мехоҳад, Худоро мехоҳад ва бо ҳар чизе, ки инсон ибтидо ишқ меварзад, хаёл мекунад он маъшуқи ҳақиқии худашро пайдо кардааст, вале муддате, ки бо ӯ саргарм мешавад ва як таҷрибаи воқеии руҳӣ рӯйи ӯ анҷом медиҳад, худи руҳ ба ӯ мегӯяд: ин ӯ нест!
“Ин ӯ нест” ҳамон аст, ки мо безорӣ, хастагӣ, касолатоварӣ меномем. Вақте мо мебинем чизе, ки ин ҳама орзуяшро дорем ба он мерасем баъд тадриҷан хастагӣ ва касолат пайдо мекунем ва баъд як вақт мебинем ба танаффур кашид, ин дар асари таҷрибае аст, ки фитрати мо рӯйи он шаъй анҷом медиҳад, баъд аз муддате ӯ ба забони безабонӣ ба мо мегӯяд: баланд шавем биравем, ин ӯ нест; бояд биравем ҷойи дигар, то худашро пайдо кунем…
Ин таваҳҳум дар зеҳни ашхос пайдо мешавад, ки ҳоло мо биҳиштҳо рафтем, биҳишт барои инсон як сол, ду сол, даҳ сол, сад сол, ҳазор сол лаззат дошта бошад, баъд оддӣ мешавад, вақте оддӣ шуд, дигар хастагиовар мешавад ва инсон мегӯяд, аҷаб ҷойи малолатовар ва хастагиоваре аст! Қуръон мегӯяд:
لَا يَبْغُونَ عَنْهَا حِوَلًا
Ғуссаи инро нахӯред, агар касе он ҷо биёяд, дигар таҳаввул аз он ҷоро намехоҳад.
Дар ин ҷо рози матлабро беҳтар равшан мекунад, мегӯяд: сирри матлаб ин аст, ки меҳмондораш Худост. Маҳол аст инсон аз Худо безор шавад ва ғайри ӯро бихоҳад. Аз ҳар чизе безорӣ пайдо мешавад барои ин ки инсон мехоҳад ба Худо бирасад; ҳамин қадр, ки як иртибот ва иттисоле ба ӯ (Худо) пайдо кард, он вақт арзиши биҳишт барои ӯ ин нест, ки он ҷо хӯрдан ва пӯшидан ва лаззати ҷинсӣ ҳаст; (балки) арзишаш ин аст, ки суфраи каромат ва пазироии ӯст (Худост); ҳис мекунад ва то абад ҳам ҳис мекунад, ки дорад ба дасти ӯ пазироӣ мешавад. Ин дигар хастагиовар нест.
قَدْ أَحْسَنَ اللَّهُ لَهُ رِزْقًا
Худост, ки барои ӯ ризқ ва рӯзиро некӯ гардонидааст…”
(Ошноӣ бо Қуръон ( 8 ), Муртазо Мутаҳҳарӣ)
qalamonline.net
Қаламонлайн













