Пусткандаи гап
Ёддошти Меҳмоншо Шарифзода
…Имрӯз бо шарофати “сиёсати хирадмандона” адолат, хубӣ, зебоӣ ва озодӣ дар инҳисори фасод, дуздӣ ва дурӯғ мондаанд. Дар баромадҳо, дар шиорҳо, дар ниҳодҳо ва дар деворҳо аз волоияти қонун ҳарф ва лоф мезананд, вале чун бефарҳанганд дар зершуур, дар мағзҳо ва дар андешаҳои худ ба одамият, ба виҷдони худ ва ба қонун хиёнат мекунанд. Бале бефарҳанганд ва тасмимҳо дар сатҳи ғаризаҳои ҳайвонӣ ва хоҳишу маҳдудаҳои оилавӣ-маҳаллӣ-музофотӣ гирифта мешаванд. Асли беномусӣ ҳамин аст ва ҳар як маҷлисе, ки дар мавзӯи қонун ва ҳуқуқи башар баргузор мешавад, мисли намоишест, гӯё консерти сарояндаи шинохтае баргузор шуда. Аҷибаш ин аст, ки аз ҷиноятҳои намояндаҳои қонун ҳарф мезананд ва ин маъниро дарк накардаанд, ки ин ҷиноятҳо бояд дар додгоҳ ҳаллу фасл шаванд ва бо ҳисобот набояд иктифо кард. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки ҷинояткорҳои воқеиро дар баробари чашми мардум дар ҳамин маҷлисҳо “бахшида” буданд.
Ин баромадҳо ва ҳисоботҳои “ягонаи давр” як паём доранд, ки “мо ба ин вазифа шуморо интихоб кардаем ва аз корҳои шумо огоҳем ва хоҷаи худро фаромӯш накунед”…
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Меҳмоншо Шарифзода)
Қаламонлайн