Путин: Русия музокироти сулҳ бо Украинаро рад намекунад
Ахбори байналмилал
Валадимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд: Ӯ пешниҳоди музокира барои сулҳ бо Украинаро рад нахоҳад кард.
Путин дар конфронси хабарие, ки баъд аз дидор бо раҳбарони кишварҳои африқоӣ баргузор гардид, гуфт: Аз назари ӯ, мафодди тарҳи сулҳи раҳбарони Африқо ва тарҳе, ки пештар Чин барои поёни ҷанг пешниҳод карда буд, бояд мабнои музокирот миёни Маскав ва Киев қарор гирад.
Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, барқарории оташбас дар ҳоле, ки артиши Украина дар ҳоли амалиёти таҳоҷумӣ аст, душвор хоҳад буд.
Русия ва Украина пештар борҳо таъкид кардаанд, ки барои вуруд ба музокироти сулҳ пешшартҳое доранд, ки бидуни таҳаққуқи онҳо имкони омадан бар сари музокира вуҷуд надорад.
Қаламонлайн