Раиси пешини Ситоди муштараки артиши Омрико: “Мо ба унвони Омрико, бегуноҳони зиёдеро куштаем”

Раиси пешини Ситоди муштараки артиши Омрико: “Мо ба унвони Омрико, бегуноҳони зиёдеро куштаем”

Ахбори байналмилал

Марк Милли, раиси собиқи Ситоди муштараки артиши Омрико, бо эътироф ба ҷиноёти анҷомшуда тавассути Омрико ва дар тавҷеҳе аҷиб барои ҳимоятҳои кишвараш аз куштори ҳазорон ғайринизомии фаластинӣ дар ҳафт моҳи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза гуфт: “Мо афроди бегуноҳи зиёдеро куштаем ва шоистаи интиқод аз куштори Исроил нестем.”

Ба гузориши RT, Марк Милли дар вокуниш ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза, дар ҳошияи ҳузур дар намоишгоҳи ҳуши маснуъӣ дар Вошингтун гуфт: “Қабл аз он ки ҳамагӣ аз иқдомоти Исроил безорӣ биҷӯем ва ман дар қиболи марги ғайринизомиён дар Ғазза эҳсоси нороҳатӣ кунам, набояд фаромӯш кунем, ки мо ба унвони Омрико, бегуноҳони бисёреро дар мисли Ироқ ва Риққаи Сурия ва 12000 ғайринизомии бегуноҳи фаронсавиро киштем.”

Ӯ афзуд: “Мо 69 шаҳри Жопун (Япония) аз ҷумла Ҳирушимо ва Ногозокиро вайрон кардем. Мо мардумро ба теъдоди зиёде саллохӣ кардем, мардуми бегуноҳе, ки ҳеч иртиботе бо давлати худ надоштанд, мардон, занон ва кӯдакон. Ҷанг, чизи ваҳшатноке аст. Аммо агар қарор аст маънӣ дошта бошад, агар қарор аст ҳисси ахлоқӣ дошта бошад, бояд як ҳадафи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад ва бояд ба суръат бо камтарин ҳазина ва бо суръат анҷом шавад.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тазоҳуроти густардаи мардуми Яман дар ҳимоят аз Ғазза
Раиси пешини Ситоди артиши Исроил: “Дар терури Синвор шикаст хӯрдем”

Матолиби пурбоздид