Расонаи исроилӣ: Нобудии таъсисоти энержии исроилӣ тавассути Эрон
Israel Hayom: “Ҳамлаи Эрон, таъсисоти энержии Исроилро нобуд кард”
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи исроилии Israel Hayom гузориш дод, ки Исроил талош кард, то маҳалли ҳамлаи мушакии Эрон ба таъсисоти энержиро махфӣ кунад, аммо пахши тасовир дар расонаҳо ин мавзӯъро номумкин кард.
Ин рӯзнома фош кард, ки дар ҷараёни амалиёти низомии мавсум ба “Шери хезон”(ҷанги 12-рӯза), ҳамлаи мушакӣ аз сӯйи Эрон ба Исроил, осебҳои қобили таваҷҷӯҳе ба зерсохтҳои энергии Исроил ворид кард.
Ба навиштаи ин рӯзнома, ин ҳамла, нишондиҳандаи осебпазирии болои зерсохтҳои ҳаётии Исроил дар баробари таҳдидоти низомӣ аст.
Ин ҳамла, ба таъсисоти энергӣ ва хутути лӯла дар Исроил осебҳои ҷиддӣ ворид кардааст. Ҷузъиёти дақиқтари ин осебҳо ҳанӯз мунташир нашудааст, аммо аҳаммияти ин мавзӯъ дар сатҳи умумии Исроил мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.
Israel Hayom афзуд: дар пайи ин ҳамла, мақомоти низомии Исроил ба суръат вориди амал шуданд ва талош карданд, то осор ва паёмадҳои ин ҳамларо коҳиш диҳанд.
Ин рӯзнома таъкид кард: мақомоти низомии Исроил дар ибтидо саъй доштанд, то иттилооти марбут ба макони дақиқи ҳамларо махфӣ нигаҳ доранд, то аз кӯмак ба шиносоии аҳдофӣ баъдӣ тавассути нерӯҳои эронӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Бо ин ҳол, пас аз пахши тасовире аз маҳалли исобати мушак дар шабакаи хабарии Алҷазира, мақомоти низомии Исроил эътироф карданд, ки иттилооти марбут ба макони ҳамла дар дастраси умум қарор гирифта ва дигар наметавон онро пинҳон нигаҳ дошт.
Ҳамлаи мушакии Эрон ба зерсохтҳои энержии Исроил, ки дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи ахир рух дод, осеби ҷиддӣ ба полоишгоҳи Ҳайфо ворид кард. Полоишгоҳи Ҳайфо яке аз бузургтарин таъсисоти полоиши нафт дар Исроил марбут ба ширкати Bazan аст, ки бо зарфияти рӯзона ҳудуди 9 то 12 ҳазор бушка нафт, бахши умдае аз ниёзҳои сӯхти Исроилро таъмин мекунад. Ин полоишгоҳ ба далели мавқеияти стратегӣ ва нақши ҳаётии худ, яке аз муҳимтарин нуқоти зерсохти энергии Исроил маҳсуб мешавад ва аз кор афтодани он боиси ихтилоли густарда дар таъмини сӯхт ва энергияи бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва санъатӣ шудааст.
Мақомоти исроили эълом кардаанд, ки таъмири комили полоишгоҳи Ҳайфо то сентябри 2025 ба тӯл хоҳад анҷомид, ки паёмадҳои иқтисодии қобили таваҷҷӯҳе ба дунбол дорад. Ин ихтилол боиси афзоиши ҳазинаҳои энергия, коҳиши арзаи сӯхт ва мушкилоте дар бахши ҳамлу нақл ва санойеъ шудааст. Ҳамчунин, осеб ба ин зерсохти ҳаётӣ нигарониҳои амниятӣ ва иқтисодии амиқе дар Исроил эҷод кардааст.
Israel Hayom
Қаламонлайн