Расонаҳои исроилӣ: Бояд аз Исроил биравем

Расонаҳои исроилӣ: Бояд аз Исроил биравем
Ахбори байналмилал
Расонаҳои исроилӣ: “Ба ҷойи ҳамла ба мардуми Ғазза, мо бояд аз Исроил биравем”
Ба гузориши Алҷазира, расонаҳои исроилӣ эълом карданд, ки набарди “Тӯфон ал-Ақсо” аз сӯйи Ҳамос “шоке бузург барои исроилиҳо” буда ва мегӯянд: “Ба ҷойи ҳамла ба мардуми Ғазза, мо бояд аз Исроил биравем”.
Алҷазира дар гузорише ба нақл аз расонаҳои саҳюнистӣ навишт, ки шоки бузурги ҳамалоти муқовамати Фаластин ба шаҳракҳои муҷовири Ғазза ва холӣ шудани онҳо аз ишғолгарон, шаҳракнишинонро аз бозгашт ба ин манотиқ мунсариф кардааст.
Алҷазира навишт: “Дастоварди гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши муқовамати исломӣ (Ҳамос) дар ҳамлаи ғофилгирона ба шаҳракҳои навори Ғазза ва манотиқи ишғолӣ дар ҷануб, дар “ҳофизаи исроилиҳо” сабт шудааст ва барои ҳамеша ба унвони як “шок” аз он ёд хоҳад шуд.”
Дар идомаи ин гузориш мехонем: “Дар рӯзи ҳаштуми ҷанг байни муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ, асари ин шок зоҳир шуд ва бисёре аз хонаводаҳои яҳудӣ мегӯянд, имкони бозгашт ба шароити қабл дигар вуҷуд надорад.”
Шломит Тсур, рӯзноманигори исроилӣ, дар гузориши худ барои рӯзномаи “Де Маркер” ҳамонанди бисёре расонаҳои саҳюнистӣ менависад: “Ба ҷойи ҳамла ба мардуми Ғазза, мо бояд аз Исроил биравем”.
Ин рӯзнома аввалин лаҳазоти набарди “Тӯфон ал-Ақсо”-ро ба нақл аз шаҳракнишинони кӯчондашуда ингуна тавсиф мекунад: “Мо тамоми ҷангҳои Исроилро пушти сар гузоштаем, аммо қаблан ҳаргиз шоҳиди чунин чизе набудаем. Ҷони мо дар хатари воқеӣ буд. Мо эҳсос мекунем, ки бозмондагони оворае ҳастем. Аз ин ба баъд, сокинони шаҳри дигаре хоҳем буд”.
Долё ва Борух Бочер ду шаҳракнишини яҳудӣ ҳастанд, ки аз соли 1956 дар минтақаи Кибутс Борӣ, дар муҷовирати навори Ғазза зиндагӣ мекарданд, ки пас аз наҷот аз набард, ба манотиқи дигаре аз сарзаминҳои ишғолӣ мунтақил шудаанд. Онҳо дар гуфтугӯ бо “Де Маркер” ба суолоти Тсур дар бораи имкони бозгашт ба маҳалли зиндагии қаблиашон посух дода ва мегӯянд: “Дар ин марҳила то замоне, ки аз шок халос шавем, ба онҷо барнамегардем”.
Субҳи рӯзи гузашта (ҷумъа, 13 октябр) Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ ба ин ниҳод эълом кардааст, ки бояд як миллион фаластинии сокин дар шимоли Ғазза дар арзи 24 соат ба самти ҷануб бираванд.
Эъломи ин хабар мӯҷиби ташдиди ҳамалот ва вокунишҳои ҷиддӣ аз сӯйи Қассом шуд. Соате пеш гурдонҳои Қассом эълом кард, ки дар посух ба ин дархости саҳюнистҳо ва ҳадаф қарор додани ғайринизомиён, як ҳамлаи мушакии бузургро бо 150 мушак ба Асқалони ишғолӣ оғоз кардааст.
Баъд аз Асқалон гурдонҳои Қассом шаҳракнишини Сдиротро ҳам бо 50 мушак ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд. Баъд аз он Ҳамос дар вокуниш ба ҳадаф қарор додани ғайринизомиён ва талоши саҳюнистҳо барои овора кардани миллати Фаластин, фурудгоҳи Бен Гурёнро ҳадаф қарор дод.
Посухи шохаи низомии Ҳамос ба қадре кӯбанда ва шадид буд, ки мушаки “Айёш 250” барои аввалин бор дар набарди “Тӯфон ал-Ақсо” ва пас аз эъломи гурдонҳои Иззуддин Қассом мабнӣ бар бомбборони мақарри фармондеҳии минтақаи шимоли режими саҳюнистӣ дар Сафади ишғолӣ истифода ва партоб шуд.
Расонаҳои саҳюнистӣ аз ҷумла Едиот Оҳоронут дар бораи ин мушак эълом карданд: “Айёш 250” бешак дурбурдтарин мушаке аст, ки то кунун аз Ғазза ба сӯйи мо партоб шуда ва чунин амре бесобиқа аст; ба далели дурбурд будани мушакҳои шилликшуда аз навори Ғазза, ҳам сомонаи “Гунбади оҳанин” ва ҳам сомонаҳои омрикоии Патриот барои раҳгирии онҳо фаъол шудаанд.
Абӯубайда, сухангӯи низомии гурдонҳои Қассом хитоб ба ишғолгарон таъкид кард: “Душмани тарсу заъифтар аз он аст, ки мардуми моро маҷбур ба муҳоҷират кунад. Муҳоҷират дар фарҳанг ва қомуси мо, ба ҷуз аз шаҳрҳои ишғолшудаамон гунҷонда нашудааст.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шуҳадои Ғазза ба 2450 нафар расидааст
Комил намудани ахлоқи хубу некӯ – фалсафаи беъсат

Матолиби пурбоздид