“Расонаҳои ҷаҳони мутамаддин”

Таҳлили хабарӣ

“Расонаҳои ҷаҳони мутамаддин”

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Замоне, ки гуфта мешуд, ғулҳои расонаӣ мисли Reuters, Independent, ВВС, расонаҳои урупоӣ ва хусусан олмонӣ ва хулоса бештари расонаҳо, бардаи “Исроил” ва чандто миллиардер ҳастанд, дӯстон чандон боварашон намешуд, ҳоло ки имрӯз мебинед, ки аз моҷарои дирӯзи бозори Теҳрон чӣ ҳангомае дуруст мекунанд, ки гӯӣ дигар ҳама чиз тамом шуда ва ҳамин ҳоло низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон суқут мекунад ва ин ҳарфҳо, шояд андаке боваратон бишавад, ки ин расонаҳо чӣ “мавҷудоте” ҳастанд!

Ва ин дар ҳоле аст, ки дирӯз тазоҳуроти бисёр мухтасаре дар бозори Теҳрон буд ва ду се соат ба тӯл анҷомид ва поён ёфт. Ҳоло ин расонаҳо чунон аз он дев сохтаанд, ки дигар напурс! Ҳатто корашон ба ҷойе расида, ки гузориш медиҳанд: ин моҷаро гӯӣ дар дигар шаҳристонҳои Эрон давом дорад ва ҳатто дидам, манзара ва саҳнаҳое тавассути ҳуши маснуӣ сохта ва мунташир кардаанд.

Шозда Ризо ҳам, ки зоҳиран бовараш шуда, имрӯз як баёнияи тасвирӣ дод хитоб ба мардуми Эрон, ки дигар омодаи пазироии масалан ӯ бошанд!

Расонаҳои исроилӣ, ки дигар 24 соат аз дар ин бора мегӯянд!

Шарм ҳам намедоранд! Ҳаминон дар бораи кушту кушторе, ки Исроил ду соли комил дар Ғазза муртакиб шуд, як гузорише, ки ин кишвари ҷаълиро маҳкум кунад, мунташир намекарданд. Балки баръакс, Ҳамосро ба унвони як гурӯҳи теруристӣ муаррифӣ мекарданд.

Ин аст ҷаҳони ба истилоҳ мутамаддини мо.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ибратҳо аз зиндагии Паёмбари Акрам(с)
Мутаҳҳарӣ: Худошиносӣ пояи ҳақиқии ҳастии инсон аст

Матолиби пурбоздид