Рафтори некӯи Паёмбар(с) бо ҳамсар
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳусни муошират бо ҳамсар намуна буд.
Некрафторӣ бо занонро ба ёрон ва пайравонаш тавсия ва таъкид мекард ва мегуфт:
“Ҳамаи мардум дорои хислатҳои неку бад ҳастанд. Мард набояд танҳо ҷанбаҳои нописанди ҳамсари хешро дар назар бигирад ва ҳамсари худро тарк кунад; чун ки ҳар гоҳ аз як хислати ӯ нороҳат шавад, хислати дигараш мояи хушнудии ӯст ва ин дуро бояд бо ҳам ба ҳисоб овард”.
(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор ҷ.2, саҳ.251 то 263).