Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Баҳри Араб, халиҷи Адан ва баҳри Сурх, манотиқи мамнӯа барои Омрико ва Исроил ва Англис аст”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Баҳри Араб, халиҷи Адан ва баҳри Сурх, манотиқи мамнӯа барои Омрико ва Исроил ва Англис аст”

Ахбори байналмилал

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман тайи суханоне дар хусуси таҳаввулоти набард, ташдиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнон ва таҷовузгариҳои он ба борикаи Ғазза, изҳор дошт: “Ҳадафи режими Исроил аз ташдиди танишҳо дар Лубнон, ҷилавгирӣ аз ҳимояти Ҳизбуллоҳ аз Ғазза ва мардуми Фаластин аст; ҳадафе, ки муҳаққақ нахоҳад шуд.”

Ба гузориши Алҷазира, Ҳусӣ бо ишора ба амалиётҳои дарёии Яман дар баҳри Сурх алайҳи киштиҳои муртабит бо Исроил таъкид кард: “Баҳри Сурх, баҳри Араб ва халиҷи Адан, ба минтақае комилан мамнӯъ барои душмани исроилӣ, омрикоӣ ва англисӣ табдил шудааст.”

Раҳбари Ансоруллоҳ таъкид кард: “Мо ҳаргиз даст аз ҳимояти худ аз Ғазза ва Фаластин ва ҳамкорӣ бо Лубнон ва Ҳизбуллоҳ барнахоҳем дошт.”

Қаламонлайн

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ошноӣ бо Мавлоно ба забони содда – II
Reuters: Русия ба Ансоруллоҳи Яман мушакҳои пешрафта медиҳад

Матолиби пурбоздид