Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Посух ба режими саҳюнистӣ ғофилгиркунанда хоҳад буд” 

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Посух ба режими саҳюнистӣ ғофилгиркунанда хоҳад буд” 
“Посухи Эрон ҳатмӣ аст”
Ахбори байналалмилал
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман тайи суханоне дар хусуси авзои Ғазза ва муҳимтарин масоили минтақа, идомаи таҷовузгариҳои режими саҳюнистӣ ба Ғаззаро мояи нанги ҷомеаи башарӣ унвон кард.
Ба гузориши Алмаёдин, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ гуфт: “Режими саҳюнистӣ душмане аст, ки ҳаргиз наметавон бо он сулҳ кард ва авзоъи каронаи Бохтарӣ ва Ғазза нишондиҳандаи моҳияти саҳюнистҳост.”
Ҳусӣ идомаи ҷиноёти саҳюнистиро мояи нанги ҷомеаи башарӣ донист ва гуфт: “Саҳнаи пора кардани Қуръон тавассути сарбозони саҳюнист саҳнае хатарнок аст ва касе, ки нисбат ба ин саҳна бетафовут бошад, заррае имон надорад ва масъулияти ёдоварии хатари удули уммат аз муқаддасоташон ба ӯҳдаи руҳониҳо аст.”
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман гуфт: “Ҳукуматҳои арабӣ дар баробари сухан аз эҳдоси канисаи яҳудӣ сукут кардаанд, ин дар ҳоле аст, ки яҳудиён сукут дар баробари пора кардани Қуръон ва таҳдиди Масҷидулақсоро навъе таслим шудан медонанд.”
Вай бо баёни ин ки яҳудиён ҳатто дӯстони араби худро инсон намедонанд гуфт: “Ин ки душмани саҳюнистӣ ба наслкушии мардуми Фаластин идома медиҳад, мояи нанги мусалмонон аст.”
Ҳусӣ гуфт: “Ҳамалоти шадиди саҳюнистӣ ба каронаи Бохтарӣ дар 22 соли гузашта бузургтарин ҳамла будааст; душман шаҳрҳо, урдугоҳҳо ва бемористонҳоро ҳадаф қарор медиҳад ва масоҷидро вайрон мекунад.”
Ҳусӣ хотирнишон кард, ки муқовамати Ироқ ин ҳафта алайҳи Ҳайфо ва Уммуррашрош (Илот) амалиёт анҷом дод ва Эрон таъкид кард, ки посухаш ба саҳюнистҳо ҳатмӣ аст ва Омрико барои маҳори ин посух дар омодабоши комил қарор дорад.
Вай афзуд: “Омрико мекӯшад барои ҷилавгирӣ аз посухи Эрон ҳукуматҳои арабиро бо худ ҳамроҳ кунад ва мояи таассуф аст, ки бархе аз режимҳои арабӣ дар заминаи ҳимоят аз душмани саҳюнистӣ саҳим ҳастанд.”
Вай афзуд: “Бархе ҳукуматҳои арабӣ ба хотири душмани саҳюнистӣ озодии баён ва ақидаро нобуд кардаанд.”
Вай хотирнишон кард, ки нерӯи дарёии Яман ин ҳафта чанд амалиёт анҷом дод, ки муҳимтарини он вуруд ба киштии SOUNION буд.
Ҳусӣ гуфт: ”Ширкатҳои борбарии муртабит бо душмани саҳюнистӣ ба миқдори зиёде аз Яман дур шудаанд ва мо амалиётамон барои ёрии Фаластинро ҷиҳоди муқаддас медонем.”
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман гуфт: “Посухи мо ба душмани саҳюнистӣ ғофилгиркунанда хоҳад буд ва аз анҷоми вазифаи ҷиҳодиамон барои ёрии Фаластин хушҳолем.”
Вай дар поён гуфт: “Аз мардуми Яман мехоҳам фардо ҷумъа дар роҳпаймоии миллионӣ ширкат кунанд.”
Қаламонлайн 
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳ гуфтор – II
Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз таҳаввулоти ҷадид дар каронаи Бохтарӣ

Матолиби пурбоздид