Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Саҳюнистҳо ба дунболи эҷоди “Исроили бузург” ҳастанд”
Ахбори байналмилал
Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, дар суханоне гуфт: “Саҳюнистҳо ба дунболи эҷоди “Исроили бузург” ҳастанд, ки шомили Сурия, бахшҳое аз Ироқ, Миср ва Арабистони Саудӣ низ мешавад.”
Ба гузориши Алмаёдин, Ҳусӣ дар суханоне, ба охирин таҳаввулоти минтақа бавежа ҷанги Ғазза ва суқути давлати Башшор Асад пардохт.
Ҳусӣ бо бишора ба фоҷеаи Фаластин, гуфт: “Дар баробари ҷиноёти куштори саҳюнистӣ дар Фаластин, уммати исломӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз он, ҳимоят ва наҷоти мардуми Фаластин талош кунад.”
Вай дар ишора ба суқути Башшор Асад дар Сурия гуфт: “Режими саҳюнистӣ ба манотиқи атрофи Фаластин тамаъ дорад ва ин мавзӯъ дар барномаҳои омӯзишӣ, расонаӣ ва ҳамчунин барномаҳои сиёсӣ ва тавтиаҳои муштарак бо Омрико мунъакис шудааст, Натонёҳу суқути низоми Сурияро фурсати ҷадиде барои Исроил тавсиф карда ва ин фурсатҳо акнун билфеъл шудааст.”
Ҳусӣ дар идомаи суханони худ, бо ишора ба ҳамалоти режими Исроил ба Сурия гуфт: “Иттилоот нишон медиҳад, ки артиши Исроил дар ҳоли ҳозир 25 километр ба Димишқ наздик шудааст ва эҳтимол дорад ба пешравии худ идома диҳад.”
Ҳусӣ таъкид кард, ки артиши Исроил бидуни ҳеч муқовамате ва бидуни таваҷҷӯҳ ба мардуми Сурия, гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳомиёни онҳо ва ё ҷаҳон, ба пешравии худ дар Сурия идома медиҳад.
Вай афзуд, ки Исроил дар ин ҳамла ба қавонин ва урфҳои байналмилалӣ ва мувофиқатномаҳои Созмони Милал бетаваҷҷӯҳӣ кардааст.
Ҳусӣ гуфт, ки Исроил дар бузургтарин ҳамлаи ҳавоӣ аз замони таъсиси режими саҳюнистӣ, тавони низомии Сурияро нобуд карда ва ба андозае, ки дар як шаб 80 дарсад аз тавони низомии Сурияро нобуд кардааст.
Ҳусӣ дар идома гуфт: “Ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Сурия, дар муқобили дидгоҳи ҷаҳони араб ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, тасбиткунандаи сиёсати ғорат ва чаповул дар минтақа аст ва режими саҳюнистӣ бо ҳимоят ва ҳамкории Омрико дар ҳоли талош барои эъмоли ин сиёсат бар миллатҳо ва кишварҳои минтақа аст.”
Сайид Абдулмалик Ҳусӣ афзуд, ки Исроил ва Омрико мехоҳанд монеъ аз таҷҳизи миллатҳои минтақа ба ҳар навъ василаи дифоъӣ дар баробари ҳар гуна таҷовуз шаванд.
Вай бо баёни ин ки ҳадафи Исроил, табдили миллатҳо ба “галаҳои гӯсфанд” ва бедфоъ аст, таъкид кард: “Ин режим мехоҳад миллатҳои минтақаро дар сатҳи пойинтар аз ҳайвонот низ қарор диҳад, чаро ки ҳайвонот низ дар баробари таҷовуз дифоъ мекунанд.”
Интиқод аз адами вокуниши шӯришиёни сурӣ ба ҳамалоти Исроил
Сайид Абдулмалик Ҳусӣ дар идомаи суханони худ, аз фуқдони ҳар гуна вокуниш ва мавзеъгирӣ аз сӯйи гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки бар Сурия тасаллут ёфтаанд дар баробар таҳдидоти мустамари Исроил интиқод кард.
Ӯ гуфт: “Он чи пас аз тасаллути ин гурӯҳҳо бар Сурия рух дода, нишон медиҳад, ки ҳадафи Исроил, танҳо муқобила бо Эрон нест, чунонки муддаӣ аст.”
Ҳусӣ бо ишора ба душмании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳозир дар Сурия бо Эрон, таъкид кард, ки бо вуҷуди ин душманӣ, Исроил боз ҳам ба Сурия ҳамла мекунад ва Исроил пеш аз Инқилоби Исломии Эрон ва пеш аз ҳузури Эрон дар Сурия низ ба Сурия ҳамла карда ва ҳазорон нафар аз мардуми Сурияро куштааст.
Ӯ афзуд: “Саҳюнистҳо ба дунболи эҷоди “Исроили бузург” ҳастанд, ки шомили Сурия, бахшҳое аз Ироқ, Миср ва Арабистони Саудӣ низ мешавад.”
Сайид Абдулмалик Ҳусӣ дар идомаи суханони худ, сӯҳбатҳои Омрико ва Исроил дар бораи тағйири нақшаи Ховари Миёнаро нишонае аз тавтиъаи муштараки онҳо барои ҳадаф қарор додани миллатҳо ва кишварҳои минтақа тавсиф кард.
Омӯзиши садҳо ҳазор ҷавони яманӣ барои мубориза
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар бахши дигаре аз суханони худ аз омӯзиши садҳо ҳазор нафар аз ҷавонони яманӣ барои омодагӣ ва тавоноии мубориза хабар дод ва гуфт, ки онҳо омода ҳастанд дар хидмати ҳар касе, ки бихоҳад бо Омрико ва Исроил мубориза кунад, бошанд.
Вай бо баёни ин ки миллати Яман дар масири эътиқод ва имон қарор дорад, таъкид кард, ки ин миллат аз ибтидо аз тавтиъаҳои Омрико ва Исроил ва намояндагони онҳо масун мондааст.
Ӯ дар бахше аз суханони худ рӯйи интиқодро ба самти бархе уламои мусалмон баргардонд ва гуфт: “Бархе аз афроде, ки худро олими дин медонанд, пардохтан ба аҳкоми бавлро муҳимтар аз муқобила бо душманони воқеии уммати ислом талаққӣ мекунанд.”
Ҳусӣ дар поёни суханони худ ба тазоҳуротҳо ва таҷаммӯъоти ҳафтагии мардуми Яман ишора кард ва гуфт, ки ин роҳпаймоиҳо то замони таваққуфи ҷанг дар Ғазза идома хоҳад дошт ва мардуми Яман дар ҷиҳод алайҳи душманон ва ёрии мардуми Фаластин ва ҳар миллати мусалмоне, ки таҳти зулми режими Исроил қарор гирифтааст, ба масири худ идома хоҳанд дод.
Қаламонлайн