Раҳбари Ансоруллоҳ: “Ду миллион исроилӣ аз сарзаминҳои ишғолӣ овора шудаанд” Ахбори байналмилал Farsnews

Раҳбари Ансоруллоҳ: “Ду миллион исроилӣ аз сарзаминҳои ишғолӣ овора шудаанд”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман (Ҳусиҳо) зимни интиқоди шадид аз ветои қатъномаи оташбас дар Ғазза аз сӯйи Омрико, гуфт, ки бештари кишварҳо ва режимҳои арабӣ, фақат наззорагари бӯҳрони Ғазза буда ва бархе низ ҳамдаст ва ҳомии Исроил ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, имрӯз (панҷшанбе, 22 феврал) дар бораи охирин таҳаввулоти ин кишвар ва минтақа суханронӣ кард ва гуфт: “20 ҳафта аз дарду ранҷи миллати Ғазза мегузарад ва душмани исроилӣ аз оғоз, равишҳои ҷинояткорона ва куштори ҷамъиро дар дастури кори худ қарор додааст.”

Ҳусӣ зимни интиқод аз ҳимоятҳои Омрико, Ангилис ва бештари кишварҳои ғарбӣ аз режими саҳюнистӣ, таъкид кард: “Бо вуҷуди ин ки Исроил имконоти низомии зиёде дошт, вале Омрико ва ғарб бо силоҳ ва пул аз он ҳимоят карданд. Суол ин ҷост, ки ҳимоятҳои мусалмонон аз миллати мазлуми Фаластин куҷост; миллате, ки соҳиби ҳаққ аст?”

Раҳбари Ансоруллоҳ бо баёни ин ки бештари кишварҳо ва режимҳои арабӣ, фақат наззорагари бӯҳрони Ғазза буда ва бархе низ ҳамдаст ва ҳомии Исроил ҳастанд, афзуд: “Вододани бештари ин режимҳо ва сукути миллатҳо, аз омилҳое аст, ки душмани исроилӣ ҷуръат мекунад ба ҷиноёти худ идома диҳад ва муҳосираро тангтар кунад.”

Вай, зимни интиқод аз севвумин ветои Омрико дар Шӯрои амният алайҳи қатъномаи оташбас дар Ғазза, хатарнишон кард: “Омрико исрор дорад, ки бояд куштори ҷамъӣ дар Ғазза идома ёбад ва ба ҳамин далел шарики аслии ҷиноёти душмани исроилӣ дар ҳаққи миллати Фаластин аст. Мусалмонони дигар мунтазири чӣ чизе ҳастанд, ки даст ба иқдоме бизананд? Оё мехоҳанд куштори ҷамъӣ алайҳи сокинони Ғазза ба сурати комил муҳаққақ шавад?”

Ҳусӣ бо ишора ба ин ки омори касоне, ки дар Ғазза ба хотири гуруснагӣ ҷони худро аз даст додаанд, ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст, гуфт: “Садҳо ҳазор нафар аз мардуми Ғазза, бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва аз мусалмонон мехоҳанд, ки ба фарёдашон бирасанд. Кишварҳои арабӣ, ки садҳо миллиард долларро сарфи корҳои беҳуда ва пуч ва фитнаафрӯзӣ мекунанд, куҷо ҳастанд?”

Раҳбари Ансоруллоҳ бо баёни ин ки чаро кишварҳои арабӣ дар масоили инсонии Ғазза ва расондани ғизо ва дору ба сокинони он, ҳеч иқдоме анҷом намедиҳанд, идома дод: “Ҳуқуқи занон, ки ғарб иддаои онро дорад, дар баробари эъдоми занони Ғазза тавассути Исроил, дар куҷо қарор дорад? Ғарб фақат шиори ҳуқуқи занонро дар заминаҳои ғайри ахлоқӣ ё ба манзури фурӯпошии дохилии ҷомеа сар медиҳад.”

Вай гурезе ба ҳамалоти ваҳшиёнаи Исроил ба бемористони “Носир”-и Ғазза зад, ки бо тонк ва паҳпод сурат гирифт ва гуфт: “Исроил ба гунае ба ин бемористон ҳамла кард, ки гӯё ба бузургтарин пойгоҳи низомӣ юриш бурдааст. Душман дар бемористонҳо ҳатто кӯдакони ширхораро ҳам ҳадаф қарор дод.”

Ҳусӣ бо таъкид бар ин ки 17 ҳазор кӯдак дар Ғазза аз хонаводаҳои худ ҷудо шудаанд, тасреҳ кард: “Бо вуҷуди ҳаҷми дарду ранҷ, зулму ҷиноят, Исроил дар таҳаққуқи аҳдофи эъломии худ аз ҳамла мабнӣ бар озодии асирон, ноком мондааст. Душман ҳамчунин натавонистааст муҷоҳидони Ғаззаро аз пой дароварад ва ҳамчунон дар ҳол муборизаи ҷонона ҳастанд.”

Раҳбари Ансоруллоҳ, теъдоди талафоти Исроилро “ҳазорон нафар” донист, ки душмани саҳюнист адади воқеиро сонсур мекунад, хотирнишон кард: “Бархе аз сарбозони саҳюнист ба хотири даргирӣ бо муҷоҳидон ва аз тарси ҷанг, дучори ихтилолоти равонӣ шудаанд. Сарбозони исроилӣ ба беморони равонӣ табдил шудаанд. Теъдоди саҳюнистҳое, ки аз сарзаминҳои ишғолӣ гурехтанд, ба беш аз ду миллион нафар мерасад. Муҳоҷирати маъкус дар миёни саҳюнистҳо афзоиш ёфтааст; зеро бо як таҳдиди мавҷудиятӣ рӯбарӯ ҳастанд.”

Вай, ба амалиётҳои Яман алайҳи Омрико ва Ангилис пардохт ва гуфт: “Мо ба амалиётҳои худ идома хоҳем дод ва доманаи онро афзоиш медиҳем. Бо 183 мушак ва паҳпод, аҳдофи исроилиро дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор додем. Таниши мо дар баҳри Сурх аз назари каммӣ ва кайфӣ афзоиш ёфтааст. Силоҳи зердарёиро ба амалиётҳои худ дар дарё афзудаем ва 48 киштиро дар баҳр ҳадаф қарор додем.”

Раҳбари Ансоруллоҳ бо ишора ба ин ки коршиносони омрикоӣ дар баробари токтикҳои нерӯҳои мусаллаҳи Яман, моту мабҳут мондаанд, таъкид кард: “Омрикоиҳо натавонистанд амалиётҳои мо ва шиллики мушакҳоро коҳиш диҳанд. Дар ҳафтаи ҷорӣ, 13 амалиёти муваффақ анҷом додем ва муваффақ шудем як киштии Ангилисро ҳадаф қарор диҳем ва паҳподи омрикоиро сарнагун кунем.”

Ҳусӣ бо баёни ин ки омрикоиҳо эътироф кардаанд, ки аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум то кунун, ба мушкили низомие, ки Яман барои онон эҷод карда, бархӯрд накардаанд, ин масъаларо ношӣ аз коромадии ҷабҳаи Яман донист ва хотирнишон кард: “Ангилиси аҳмақ ва нодон худро дар масъалае ворид карда, ки ҳеч иртиботе ба он надорад. Ин кишварҳо ба ҷойи ҳамла ба Яман, бояд ҷанги Ғаззаро мутаваққиф кунанд, то субот ба минтақа бозгардад ва даргирӣ ҳам густариш пайдо накунад.”

Вай, бо ишора ба ин ки Яман аз ҳар киштии ҳомили кӯмак ба Ғазза, ҳимоят хоҳад кард, унвон кард: “Амалиётҳои дарёии мо ҷиҳод дар роҳи Худост ва аҳдофи муқаддасе дорем, ки ҳамон ҳимоят аз мардуми Ғазза аст. Ҳар кас ҳам дар мавозеъи мо шак дорад, мавзеъи беҳтаре бигирад. Ҳар кас ҳам талошҳоеро, ки барои Ғазза сурат мегирад зери суол мебарад ва дар айни ҳол ҳеч коре анҷом намедиҳад, муздури Исроил аст.”

Farsnews

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фоҷиаи «Луғати тоҷикӣ-русӣ»
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Дунёи ислом нобудии ғуддаи саратонии саҳюнизмро шоҳид хоҳад буд”

Матолиби пурбоздид