Ривояте аз фаъолияти як бонуи хабарнигор дар Ғазза
Ахбори байналмилал
Alalam
Бонуи машҳури хабарнигори Алъолам дар Ғазза, солҳо таҷрибаи хабарнигорӣ дар бӯҳронро дар кӯлабори худ дорад. Ин таҷриба бо ҳафт моҳ талоши бевақфа барои пӯшиши хабарии ҳамалоти беамон ва ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ба дурахшонтарин нуқтаи худ расидааст.
Ба гузориши Алъолам, Исро ал-Баҳисӣ, бонуи фаластинии хабарнигори шабакаи хабарии Алъолам дар Ғазза, фарде аст, ки пайваста дар талош будааст, ки дар матни бӯҳрон ва ҳодиса бошад ва ҳамвора дар дақоиқи нахустин, худро ба маҳалли ҳодиса бирасонад ва мухотабонро ба таври мустақим ва бевосита дар ҷараёни ҳамалоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ қарор диҳад ва аз наздик шоҳиди ҳамаи ранҷҳо ва дардҳои ғайри қобили таҳаммули фаластиниёни Ғазза будааст.
Ӯ борҳо аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ ҷони солим бадар бурда, таҳдид шуда ва борҳо дар маърази ҷароҳати ношӣ аз истиншоқи гозҳои саммӣ бар асари ҳамалоти ин режим қарор гирифтааст ва мисли ҳамаи аҳолии Ғазза, сахттарин шароити инсонии таҳмилӣ бар мардуми ин минтақаро таҷриба кардааст.
Ӯ дар ҷанги наслкушии Ғазза бархе аз азизони худро аз даст додааст, аммо бо ин ҳол бо садои баланд ва возеҳ мегӯяд:
“Мо мемонем ва идома медиҳем ва хотира месозем!”
Вай, дар паёме гуфтааст:
“Агар қисмати ман шуд, ки шаҳид шавам, шумо бимонед ва аз миллати Фаластин дифоъ кунед. Ба мо ва фарзандонамон ва наслҳои баъдӣ, ки пас аз мо ин парчамро ба дӯш мекашанд, вафодор бошед. Ҳамаи мо размандагони муқовамате.”
Гуфтанист, Исро ал-Баҳисӣ аз соли 2005 ва ба муддати 19 сол аст, ки бо телевизиони Алъолам ҳамкорӣ дорад ва дар тӯли фаъолиятҳои худ ҳамвора садои мардуми сарзамини Фаластин дар авҷи ҷиноёти режими саҳюнистӣ будааст.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: