Робитаи иқтисод ва додгустарӣ

Робитаи иқтисод ва додгустарӣ

Робитаи иқтисод ва додгустарӣ аз нигоҳи Черчил
Мегӯянд, пас аз поёни Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ, хатари бӯҳрони иқтисодӣ Бритониёро таҳдид мекард. Хатар ба ҳадде буд, ки вазирони кобина ногузир шуданд, шабона бо Черчил нишасте баргузор кунанд ва ӯро дар ҷараёни раванди бади иқтисодии кишвар қарор диҳанд.
Черчил пас аз шунидани гузориши вазирон, фармон дод, то чигунагии вазъияти додгустарии кишварро бадиққат баррасӣ карда ва ба ӯ гузориш диҳанд.

Вазирони кобина гумон карданд, ки Нахуствазир мавзӯе ба ин муҳиммиро дарк накардааст. Бинобар ин, вазири иқтисод саъй кард масъаларо аз зовияи дигар барои ӯ тавзеҳ диҳад. Аммо Черчил дубора хостори баррасии дақиқ ва бедаранг аз чигунагии идораи созмони додгустарии кишвар шуд.
Пас аз ду ҳафта, гузориш ба дасти Черчил расид. Бар асоси ин баррасӣ ҳеч гуна тахаллуфе дар созмони додгустарии кишвар гузориш нашуда ва ин созмон дошт ба дурустӣ вазифаашро анҷом медод.
Бо дидани ин гузориш Черчил лабханде заду гуфт: Нигарон набошед! Иқтисоди Бритониё ба суръат пешрафт хоҳад кард ва мо ин бӯҳронро ба зудӣ пушти сар хоҳем гузошт.
Ҳамагон бо тааҷҷуб ба ӯ менигаристанд.
Черчил идома дод: Кишваре ки дар он додгустарӣ солим бошад, иқтисодаш ба суръат рушд мекунад ва баръакс…

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ибратҳо аз торих
Зиёновартарин таҳрифи таърих

Матолиби пурбоздид