Робитаи иқтисод ва додгустарӣ

Таърих

Робитаи иқтисод ва додгустарӣ

Мактаби инсоният

Мегӯянд, пас аз поёни ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, хатари бӯҳрони иқтисодӣ Бритониёро таҳдид мекард. Хатар ба ҳадде буд, ки вазирони кобина ногузир шуданд, шабона бо Черчил нишасте баргузор кунанд ва ӯро дар ҷараёни раванди бади иқтисодии кишвар қарор диҳанд.

Черчил пас аз шунидани гузориши вазирон, фармон дод, то чигунагии вазъияти додгустарии (юститсия-адлия) кишварро ба диққат баррасӣ карда ва ба ӯ гузориш диҳанд. Вазирони кобина гумон карданд, ки нахуствазир мавзӯе ба ин муҳиммиро дарк накардааст. Бинобар ин, вазири иқтисод саъй кард масъаларо аз зовияи дигар барои ӯ тавзеҳ диҳад. Аммо Черчил дубора хостори баррасии дақиқ ва бедиранг аз чигунагии идораи созмони додгустарии кишвар шуд.

Пас аз ду ҳафта, гузориш ба дасти Черчил расид. Бар асоси ин баррасӣ, ҳеч гуна тахаллуфе дар Созмони додгустарии кишвар (Вазорати юститсия-адлияи кишвар) гузориш нашуда ва ин созмон дошт ба дурустӣ вазифаашро анҷом медод.

Бо дидани ин гузориш Черчил лабханде заду гуфт:

— Нигарон набошед! Иқтисоди Бритониё ба суръат пешрафт хоҳад кард ва мо ин бӯҳронро ба зудӣ пушти сар хоҳем гузошт.

Ҳамагон бо тааҷҷуб ба ӯ менигаристанд.

Черчил идома дод:

— Кишваре, ки дар он додгустарӣ (адлия) солим бошад, иқтисодаш ба суръат рушд мекунад.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тангаи Ҳурмуз таҳти ҳокимияти Эрон ва Уммон
Тавозуъ ва фурӯтанӣ

Матолиби пурбоздид