Роҳи пешгирӣ аз такрори ин моҷарои дилхарош

Таҳлили хабарӣ

Роҳи пешгирӣ аз такрори ин моҷарои дилхарош

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дирӯз дар яке аз шаҳрҳои перомунии Маскав иттифоқи дилхароше афтод, ки хабарашро нав дидам ва саҳнаҳое, ки аз ин фоҷеа дар расонаҳо мунташир шуда дили одамро ба дард меоварад ва ҳеч инсонеро хусусан тоҷикистониро бетафовут намегузорад.

Як нажодпарасти одамкуш бо ҳамла ба мадрасае дар ин шаҳр, бе ҳеч сабаб ва иллате – ҷуз ангезаҳои нажодгароёна – кӯдаки тоҷике ба номи Қобилҷонро ба шанеътарин ва зишштарин сурат, ки забон аз баёни он шамсор аст, ба қатл расондааст. Зишттар ва қабеҳтар аз ин амал вуҷуд надорад! Мавҷуде, ки ин амали ваҳшиёнаро муртакиб шудааст, ӯ ба ҳеч ваҷҳ шоистаи ин нест, ки инсонаш бидонем; ӯ инсон нест, балки мавҷуде инсонсурати девсират аст, ки ҷуз эъдом муҷозоте сазовораш нест.

Ва аммо роҳи пешгирӣ аз такрори ин амали шанеъ кадом аст?

1) Дар зудтарин фурсат ҳукумати Тоҷикистон сафири худ дар Маскавро аз Русия бихонад ва сафири Русияро аз Тоҷикистон биронад ва тард кунад, то замоне, ки Русия расман узрхоҳӣ ва ин қотилро муҷозот накунад. Ва низ тамоми расонаҳои русӣ бидуни истисно, даст аз сиёҳнамоӣ ва таҳқиру тавҳин ба тоҷикистониро бардоранд. Яке аз сабабҳои ин амали шанеъ, бешак расонаҳои русӣ ва хабарнигорону таҳлилгаронаш ҳастанд, ки мустақим ва ғайримустақим тоҷикҳоро таҳқир мекунанд ва чунон ба тасвир мекашанд,ки гӯӣ тоҷик “нони мардуми русро ним карда”.

2) Роҳи дуввум ва муҳимтар он аст, ки пеши роҳи нажодгароӣ ва нажодпарастӣ ва нозигарӣ ба ҳар тариқи мумкин, хусусан кори нарм, гирифта шавад ва зиштӣ ва қабоҳати ин падидаи шум барои мардум гуфта бишавад. Нажодгароӣ ва нажодпарастӣ, чӣ русиаш, чӣ тоҷикӣ ва ба истилоҳ, ориёияш ва чӣ яҳудии он ва чӣ омрикоӣ ва ғайра, ҳамин аст, ки мебинед! Аз одам мавҷуде месозад, ки тамоман аз эҳсос ва отифаи инсонӣ холӣ аст. Намунаи боризаш нозиҳои замони Ҳитлер ҳастанд, ки имрӯз ин падидаи шум мутаассифона дар русҳо бештар табалвур пайдо кардааст. Бо ин падида бояд пайкор ва мубориза кард, хусусан муборизаи нарм.

Худованд ҷойгоҳи он кӯдаки маъсумро биҳишт ва қотили ӯро ба бадтарин сурат муҷозот кунад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтимоли бӯҳрони об дар Бритониё
Хушбахтӣ – роҳест, ки қадам ба қадам мешукуфад

Матолиби пурбоздид