Роҳи раҳо бояд маро
Сурайё
Аз ҷафои дарди ту роҳи раҳо бояд маро,
Ку табиби чашмҳоят, ки даво бояд маро.
Аз фироқи ту намурдам, сахтҷониям бубин,
Пўстғафсам ин қадар, шарму ҳаё бояд маро.
Бенизомиҳои набзи дил мураттаб кай шавад?
Чун садои нағзи қалбат ҳамнаво бояд маро.
То нагардам ман сарозер аз баландии ғурур,
Дар миёни шонаҳоят муттако бояд маро.
Кай канор оям ба маънии дурусти зиндагӣ,
Аз бадиву буғзу кина инзиво бояд маро.
Ҳам кабиру ҳам сағир аз бас гунаҳҳоям зиёд,
Афв фармоӣ Худоям, илтиҷо бояд маро.
То ба мақсудам расонад шўълаи ишқу умед,
Шабчароғи оташи нуру зиё бояд маро.
Сурайё
Қаламонлайн