Роҳи ҳалли мубориза бо теруристҳои доишӣ
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бо камоли таассуф, тибқи хабари расонаҳо, омилони амалиёти теруристии дишаби Маскав низ тоҷикистониҳо будаанд, ки воқеан ҷойи таъассуф дорад. Ва ин, аввалин бор дар ду соли ахир нест. Дар Афғонистон, дар Эрон, дар кишварҳои урупоӣ ва боз дар Афғонистон ва инак дар пойтахти Русия. Дар ҳамаи ин маворид, ки дар ду соли ахир амалиёти теруристӣ анҷом мешавад ва гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ба ӯҳда мегирад, сару каллаи тоҷикистониҳо ба унвони омилони ҷиноят пайдо мешавад.
Хуб, ҳоло вақти айбро ба гардани ину он бор кардан ва ин ки ин ҷавонон мағзшӯӣ мешаванду ин ҳарфҳо нест, балки бояд ва воҷиб аст, ки пеши роҳи ин падидаи шум гирифта шавад.
Ва роҳаш ин нест, ки мақомоти кишвар пеш гирифтаанд, на танҳо онҳо, ҳатто бисёре аз ба истилоҳ, зиёиён пеш гирифтаанд, бо ин пиндор ва гумони нораво, ки ДОИШ «исломгаро» аст ва ин ҷиноятҳояш реша дар таълимоти исломӣ дорад, аз ин рӯ бояд бо асл пайкор кард. Онҳо асл ва решаро мутаассифона дар ислом мебинанд, бо забон намегӯянд, вале амалҳояшон ва суханонашон ба равшанӣ нишон медиҳад, ки инҳо мушкили аслиро худи ислом медонанд.
Ин ки ту биёӣ маорифи исломиро дар суханрониҳоят «хурофот» биномӣ, ҷавонон ва навҷавононро аз рафтани ба масҷид манъ кунӣ, бо мазоҳири исломӣ дар ҷомеа пайкор кунӣ, аз омӯзиши таълимоти исломӣ ҷавононро маҳрум созӣ ва ғайра, ин иқдомот натоиҷи акс хоҳанд дод. Яке аз натиҷаҳои он, ҳамин ҷиноятҳоест, ки дар Кирмон, Қандаҳор, Маскав, шаҳрҳои урупоӣ мебинӣ.
Роҳаш, яъне роҳи пайкор бо афкору андешаҳои доъишӣ, ба Худо ин нест, ки ту пеш гирифтаӣ. Ба Худо савганд инҳо нест. Худо гувоҳ аст аз рӯйи дилсӯзӣ мегӯям ва бо даҳони рӯза мегӯям, ки роҳаш инҳо нест. Ин амалҳои ту, эй мақомот ва эй ба ном зиёӣ!, баръакс сабаби гароиши ҷавонони мусалмон ба ДОИШ мегардад. Оё инро медонӣ?!
Вақте ту як ҷавони мусалмонро аз омӯхтани маорифи исломӣ манъ ва муллоҳои воқеиро аз тадриси Қуръон ва улуми динӣ манъ мекунӣ, ту дар воқеъ майдонро барои он чаламуллоҳои теруристи доъишӣ холӣ кардаӣ, ки ин ҷавон чорае пайдо накунад, то равад ва аз ӯ таълим бигирад.
Вақте ту як ҳизби исломии мӯътадил – яъне ҲНИТ – ро ба хотири аҳдофи танги сиёсии худ ва ба хотири курсӣ, дар кишвар фаъолияташро манъ мекунӣ ва раҳбарон ва аъзояшро ба зиндон равона мекунӣ, бо ин пиндор, ки масалан бо решаи «ифрот» дорӣ пайкор мекунӣ, оё медонӣ, ки дар воқеъ ту дорӣ барои ДОИШ майдонро холӣ кардаӣ! Оё инро медонӣ?!
Эй ба ном зиёӣ, ки ҳама рӯза корат масхара кардани мазоҳири исломӣ дар фазои маҷозӣ аст! Оё медонӣ, ки ин корҳоят сабаб мешаванд он ҷавони мусалмон чорае пайдо накунад ҷуз ин ки ба ДОИШ бипайвандад?!
Яъне дар воқеъ ин ту ҳастӣ, ки барои ДОИШ майдонро холӣ кардаӣ.
Пас, роҳи воқеии пайкор бо падидаи шуми теруризм ва ДОИШ дар кишвари мо ин аст, ки:
1) Аввалан, ҳар чи зуд фаъолияти ҲНИТ аз нав қонунан муҷоз гардад ва тамоми фаъолон ва раҳбаронаш аз зиндон озод шаванд ва ба онҳо озодии комил дода шавад;
2) Ба тамоми муллоҳо ва руҳониҳои кишвар озодии комил дар тарвиҷу таблиғи ойини ислом дода шавад, ки он вақт хоҳӣ дид, ҳатто як нафар дар ҷомеаи мо узви гурӯҳи манқурти ДОИШ нахоҳад шуд;
3) Қонунҳо ва муқаррароти масхараи зидди исломии худро ҳамаро лағв кунӣ.
Вагарна, ин ҷиноятҳое, ки мебинем, на ин ки аз миён хоҳад рафт, балки дучандон хоҳад шуд.
Аз мо гуфтан буд, ки гуфтем, боқӣ худ донед!
Чанд сухани дигар барои баъзе тозамуллоҳои фейсбукӣ ва ютюбӣ, ки онҳо низ дар ин ҷиноят саҳмгузоранд ҳаст, ки иншоаллоҳ сари фурсат хоҳам гуфт.
Сайидюнус Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: