Рушди санъат ва иқтисод дар ҷаҳони ислом
Ислом аз дидгоҳи донишмандони ғарб
Вил Дурон менависад:
“Аз лиҳози иқтисодӣ ва кишоварзӣ ва домдорӣ низ ҷавомеи исломӣ тавлидкунанда ва содиркунандаи маҳсулоти фаровоне буданд ва текнулужии кишоварзӣ ва фанновариро аз тариқи Испониё ба Урупои шарқӣ ва ғарбӣ ва Урупои марказӣ интиқол медоданд. Испониёи исломӣ кишти биринҷ, гандуми сиёҳ, найшакар, анор, пахта, исфаноҷ, морчӯба, муз, гелос, пуртуқол, лиму, беҳ, ҳулу, хурмо, анҷир ва занҷабилро ба Урупои масеҳӣ омӯхт. Боғдорӣ ва эҷоди токистонҳо ва гулкорӣ ва парвариши дом дар тамоми ҷаҳони ислом аз равнақи чашмгире бархӯрдор буд, ки иқтисоди кишварҳои исломиро дар болотарин дараҷаи рушд нишон медод…”
(Таърихи тамаддун, ҷ.4, с.380)
“Истихроҷи маодини тилло ва нуқра, руй, мис, оҳан ва сурб, зоҷ, гӯгирд ва ҷива низ дар равнақи иқтисодӣ бисёр муассир буд. Бофти қолиҳо, пардаҳо, порчаҳои абрешимӣ, шол ва анвои порчаҳои нахӣ ва пашмӣ ва либосҳои рангоранг дар корхонаҳои ҷаҳони ислом ривоҷ дошт ва Урупои масеҳӣ аз ин ҷиҳат комилан вобаста ба ҷаҳони ислом буд…”
(Таърихи тамаддун, с.379)
“Санъати коғазсозиро аввалин бор ҷавомеи исломӣ оғоз карданд. Нахустин коргоҳи коғазсозӣ, дар қаламрави ислом, ба соли 794 мелодӣ дар Бағдод ба дасти Фазл ибни Яҳё, вазири Ҳорунаррашид гушуда шуд, он гоҳ мусалмонон онро ба Сисил (Ситсилия) ва Испониё бурданд ва аз онҷо ба Итолиё ва Фаронса расид. Ин ихтироъ ба ҳар ҷо расид, таълифи китобро осон кард ва дар мондагорӣ ва омӯзиши улум таҳаввуле бузург падид овард ва истинсохи китобҳо низ пас аз ривоҷи коғаз равнақ ёфт. Дар бештари шаҳрҳо низ китобхонаҳои умумӣ таъсис шуда буд, ки теъдоди зиёде китоб дошт ва дарҳои он ба сӯи толибони улум боз буд. Дар китобхонаҳо коғаз низ барои мутолеакунандагон муҳайё буд, ки ёддошт мекарданд…”
(Таърихи тамаддун, с.304)
Ба тасреҳи Вил Дурон, ҷаҳони ислом ҳамаи ин пешрафтҳоро марҳуни оятҳои Қуръон ва каломи Паёмбари Акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи) аст.
(Таърихи тамаддун, ҷ.4, с.815 ва 821)
Қаламонлайн
qalamonline.net













