Рӯзи Модар

Таърих

Рӯзи Модар

Бонуи бофазилат

Пешвоёни дин

Чанд рӯз пеш, 20-ҷумоди-ус-сонӣ, (13-январ) рӯзи таваллуди духтари Паёмбари Акрам(с) – ҳазрати Фотимаи Заҳро(рҳ) буд.

Фотимаи Заҳро аз бонувони бофазилати ислом ва беҳтарин намуна ва сармашқи бонувони мусалмон ҳастанд.

Дар ин рӯз, бархе кишварҳои исломӣ, Рӯзи Модарро ҷашн мегиранд ва ин рӯзро дар тақвимҳояшон ба унвони Рӯзи Модар ёддошт кардаанд.

Ин рӯзро ба модарони гиромӣ табрик мегӯем.

Бонувони бофазилат дар торихи ислом чанд нафар будаанд, ки Фотимаи Заҳро яке аз беҳтарин ва бузургтргтарини онон мебошанд.

Инчунин бояд ёдоварӣ намоем, бонувони бофазилату бокаромати дигаре дар торихи ислом дурахшидаанд, ки аз ҷумлаи ин бонувон, ҳазрати Фотимаи Маъсума(р) мебошанд.

Фотимаи Маъсума аз наберагони Паёмбари Акрам(с) ва духтари Имом Мусо(р) ва хоҳари Имом Ризо(р) мебошанд.

Ҳазрати Маъсума дар рӯзи аввали моҳи зиқаъдаи соли 173-и ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омадаанд.

Тавре ки гуфтем, ҳазрати Маъсума аз бонувони бофазилати ислом буда ва дар манобеи исломӣ аз эшон фазилатҳои зиёде нақл шудааст.

Яке аз фазоили муҳимми ҳазрати Маъсума ин аст, ки аз хонаводаи ваҳй, аз наберагони Паёмбари Акрам(с) ҳастанд.

Дар зиёратномае, ки дар шаъни ҳазрати Маъсума, аз Имом Ризо нақл шудааст, ҳазрати Маъсума ба унвони духтари Расули Худо(с), духтари Фотимаи Заҳро(р), духтари Амиралмӯъминин Алӣ ибни Абутолиб(р), духтари Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн, духтари валии Худо, хоҳари валии Худо (хоҳари Имом Ризо) ва аммаи валии Худо (Имом Ҷавод) хонда шудаанд.

Ин таъбирот танҳо баёнгари шарофати хонаводагӣ нест, балки илова бар он, баёнгари он аст, ки ҳазрати Маъсума аз назари маънавӣ ва мақомоти олии малакутӣ, ба ростӣ фарзанди руҳу ҷисми Паёмбар ва ҳазрати Фотимаи Заҳро ва Хадиҷаи Кубро ва имомону пешвоёни Аҳли Байт ҳастанд.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Донишгоҳи Сотим Улуғзода байналмилалӣ эълом шуд
Эътирофи НАТО: Ҳамкориҳои Чин ва Русия назми ҷаҳониро барҳам мезанад

Матолиби пурбоздид