Сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ

Таърих

Сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ

Аллома Аҳмади Дониш дар ҷое аз китобаш, дар баёни сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ ва ин ки чаро зуд ба мустаъмараи кишварҳои дигар табдил гаштанд, менависад:

“Хулафои ислом баъд аз ин қурун (манзураш, асрҳои шукӯҳу қувват), диданд, ки дайёре (яъне касе аз соҳибони диёр) аз куффор намонд, ки саре бардорад ва даъвои истиқлол орад, ба ҳубби шаҳавот моил гаштанд ва ба айшу комронӣ иштиғол намуданд.

Ва уламо, ки қивоми (пойдории) миллат ба эшон аст ҳам ба ҳубби риёсат тобеи амру ҳукми залама (салотини ситамгар) гаштанд ва аз амри маъруфу наҳйи мункар дар хидмати салотин чашмпӯшӣ намуданд. Мухолифони дин ин ғафлатро аз аҳли ислом ғанимат дониста, шабу рӯз ба тараддуди гирдоварии асбоб ва шикофтани баҳру кон ва берун овардани зару ҷавоҳир иштиғол намуда, барои интиқомкашӣ раъйҳо ва машваратҳо мефармуданд, то даридагии домани ҷамъияти худро, ки дар аввали давлати араб афтода буд, руфӯъ диҳанд ва асбоби давлату ҳифзи онро мураттаб намуда, он гоҳ ба бозхости кинаи пӯшида бархостанд, ба макру фиреб ва қаҳру ғалаба дар тамомати маъмура (рӯи замин) даст ёфтанд ва карданд он чи карданд…”

(Наводирул-вақойеъ, саҳ.134)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дармони бемориҳои дил
Ин забони мазлуми форсӣ

Матолиби пурбоздид