Садриддин Айнӣ

Таърих

 

Садриддин Айнӣ

Машоҳир ва номоварон

Садриддин Айнӣ (1878 – 1954)

Айнӣ Садриддин Саидмуродзода 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро дар оилаи деҳқони фақир ба дунё омадааст.

Айёми бачагиашро дар байни аҳли заҳматкаш — деҳқонон ва косибони деҳа мегузаронад. Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилчасп ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмат, ки аз одамони хуштабъу хушзавқ мешунид, ӯро ба олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ ошно менамояд. Ҳангоми мактабхониаш, ҳарчанд дар саводомӯзӣ баҳрае набурда бошад ҳам, аввалин бор бо баъзе намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Соиб, Бедил ва дигар устодони назм шиносоӣ пайдо мекунад. Бо сабақҳои пандомӯзи падари худ Саидмуродхоҷа, ки шахси маърифатдӯст ва мухлиси адабиёт буд, тарбият ёфта, аз хурдсолӣ дар дилаш нисбат ба илму дониш ва шеъру шоирӣ муҳаббат мепарварад.

Пас аз вафоти падару модар, ба сахтиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, соли 1890 бо нияти таҳсил ба Бухоро меояд. Дар солҳои аввал, ба сабаби муҳтоҷӣ ва тангдастӣ маҷбур мешавал, хизмати ҳуҷрадорони мадраса ва муллобачаҳои давлатмандро адо намуда, дар вақтҳои фароғат дар бихонад.

Роҳ ёфтан ба муҳити илмӣ ва адабии Бухоро, алоқа пайдо карда бо зиёиёни равшанзамир ва махсусан шинос шудан бо ақидаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш (1827-1897) дар инкишофи фикрии ӯ таьсири зиёде доштааст.

Пас аз хатми мадраса, фаъолияти адабию иҷтимоии худро ба мароми маорифпарварӣ марбут намуда, дар таъсиси мактабҳои усули нав ва ислоҳи таълиму тадрис мушорикат мекунад. Ин иқдомоти ӯ дар натиҷаи алоқаманд гардидан бо ҳаракати ислоҳоталабонаи ҷадидӣ аз камбудиҳои ғоявӣ холӣ набуд, аммо бо вуҷуди ин дар ҳамон шароити истибдод ва таассуби динӣ, як амалиёти мухолифи назму тартиботи аморат ба шумор мерафт.

Дар даврони Ҷанги Аввали Ҷаҳонӣ таъқиботи ҳукумати амирӣ қувват гирифта, бисёр одамони тараққихоҳ аз Бухоро фирор мекунанд. Айнӣ ҳам ба Қизилтеппа рафта, чанд вақт дар заводи пахта кор мекунад. Сипас ба тарафҳои Қаршӣ, Самарқанд, Хуҷанд ва Фарғона сафар намуда, дар ҳама ҷо манзараҳои мудҳиши зулму истисмор ва аҳволи фаҷеи коргарону деҳқононро мушоҳида мекунад ва нафраташ ба сохти мавҷуда боз ҳам зиёдтар мегардад. Баъди баргаштан ба Бухоро дигар ба тарғиби мактаб ва маориф маҳдуд нашуда, беш аз пеш ба масъалаҳои сиёсӣ низ дахл менамояд. Моҳи апрели соли 1917, дар рӯзҳои ҳуҷуми қувваҳои иртиҷоӣ, аз тарафи маъмурони амир дастгир шуда, бо 75 дарра ба шакли  ваҳшиёна ҷазо мебинад. Ӯро дар ҳолати абгор, аскарони рус аз зиндон халос карда, ба Когон меоваранд. Қариб ду моҳ дар беморхона табобат ёфта, 3 июни ҳамон сол ба Самарқанд меравад ва он ҷоро истиқоматгоҳи доимии худ интихоб мекунад. Инқилоби Октябрро ба унвони як табаддулоти озодибахш истиқбол мекунад.

Аз соли 1918 дар системаи маорифи халк ва дар нахустин матбуоти инқилобии тоҷик ва ӯзбек кор мекунад. Баъд аз ташкил ёфтани Республикаи Советии Халқии Бухоро, муддате дар консулхона ва баъд дар идораи тиҷоратии он дар Самарқанд хизмат менамояд. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаи мушовир ва муҳаррири адабиро адо мекунад.

Соли 1934 дар Анҷумани якуми Умумиттифоқии нависандагон иштирок намуда, узви раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб мешавад. Соли 1943 аъзои фахрии Академияи фанҳои Ӯзбекистон мегардад. Соли 1948 шӯрои илмии Университети давлатии Ленинград ба вай унвони доктори илми филологӣ медиҳад.

Соли 1951 академик ва аввалин президенти Академияи улуми Тоҷикистон интихоб мешавад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҳар кас зулм ба миллати Фаластинро нодида бигирад, аз назари ақлӣ, қалбӣ ва руҳӣ мурдааст”
Далели ақибмондагии кишварҳои исломӣ

Матолиби пурбоздид