Сад соли худогоҳӣ
Сайфуллоҳ Муллоҷон
Таваллуди Тоҷикистон ва оғози худшиносии тоҷикон
Соли 1924 дар таърихи мардуми Осиёи Миёна ҳамчун сароғози як таҳаввули азим шинохта мешавад. То ин сана ҳукуматҳои минтақа ё ба исми силсилаҳо (сомонӣ, қарахонӣ, темурӣ, манғит) номгузорӣ мешуданд ё баргирифта аз марказҳои маъмурии он буданд (чун иморати Бухоро, хонии Хуқанд ё Хива). Акнун халқҳои бузурги ин минтақа бо номи этникӣ номгузорӣ шуданд ва сад сол мешавад, ки дар нақшаи сиёсии ҷаҳон бо ҳамин ном шиносоӣ мегарданд. Фарозу нишеби ин сад сол дар ин гуфтор ба баррасӣ кашида мешавад. Асри ХХ дар сарнавишти тоҷикон фарозу нишебҳои фаровонеро сабт кард, вале cе санае ки бо ҳуруфи заррин навишта шуда, наметавон ба фаромӯшӣ супурд. Яке соли 1924, дигаре соли 1929 ва савумӣ соли 1991. Санаи аввал коштани дарахте бо номи Тоҷикистон, санаи дувум давраи ҷавона задану шоху бар гирифтан ва савум камоли маънавию борварии ин дарахти тануманд аст.
Вақти озодии мо расид?
Инқилоби соли 1917 дар Русия бо вуҷуди ҳамаи костиҳову мусибатҳое ки ба дунбол дошт, барои мардуми ғайрирус навиди озодиро ба армағон овард. Ленин дар нахустин рӯзҳои пирӯзии инқилоб (моҳи ноябри соли 1917) ба мардуми мусулмони Шарқ муроҷиат карда, ба онҳо “ваъдаи озодиву раҳоӣ аз дасти империализми ҷаҳонӣ”-ро дод. Дар ин санади таърихӣ аз мардуми ситамдидаи Шарқ даъват мешуд, ки бархезанду ҳуқуқҳои аздастрафтаи хешро соҳиб шаванд ва сарнавишташонро рақам зананд. Ленин аз поёни султаи ҷаҳонхорон навид медоду ҳамраъйи худро бо мусулмоноу миллали шарқ эълом дошта аз эшон низ даъват мекард, ки бо ормонҳои инқилоби рус ҳамраъй бошанд. Ӯ мегуфт “дину ойину шуморо ҳокимони пешину ситамгарон таҳқир мекарданд, акнун инқилоби Русия пуштибони шумост, бархезеду ин инқилобро пуштибон бошед”.
Аммо сарнавишти мухторияти Қуқанд – ин “фарзанди” инқилоби коргарӣ нишон дод, ки аз даъвати сарвари инқилоб Ленин то воқеият фарсахҳо масофа аст. Кӯшиши таъсиси давлати мустақил дар қалби Осиёи Миёна (ноябри 1917 – феврали 1918) ба хоку хун кашида шуд, ки ба дунбол ҳаракати муқовимат ё ҳамон “босмачигарӣ”-ро алайҳи Шӯравиро тавлид кард. Ҳукумати навпои Русияи Шӯравӣ тарҳи нав дарандохта, аз рӯйи барномаҳои худ хост дар минтақа дигаргунӣ ворид кунад.
Ба дунболи инқилоби соли 1917-и Русия, дар он мавзеъҳои Осиёи Миёна, ки Ҳукумати Шӯравӣ бунёд гашт, соли 1918 Ҷумҳурии мухтори Туркистон таъсис ёфт. Суқути Бухоро ва Хива дар соли 1920 боиси ташкили ҷумҳуриҳои шӯравии Бухорову Хоразм гардид. Ҳукумати Шӯравӣ, ки солҳои 1918-1922 давраи душвори ҷанги шаҳрвандиро таҷриба кард, ба хулосае омад, ки дар минтақаи Осиёи Миёна бо марзҳои шаклгирифта давлат таъсис кардан хилофи барномаҳои он мебошад. Зеро дар ҳар се ҷумҳурии Туркистону Бухорову Хива бартарии қотеъ ба ҷониби ягон халқ набуд.
Сароғози тарҳи нав …
Соли 1919 бо фармони Ленин комиссияе таъсис ёфт, ки он бо номи “Комиссия туркӣ” машҳур аст. Азбаски ба вожаи Туркистон (ҳарчанд барғалат) ифода кардани минтақаи Осиёи Миёна пас аз истилои Русия маъмул гардид, комиссия мазкур низ бо ҳамин ном ба фаъолият шуруъ кард. Дар идомаи ин фармон тавсия дода мешуд, ки “нақшаи ҷобаҷошавии мардуми минтақаро дақиқан бо номҳои Узбекия, Қиғизия ва Туркмания омӯхта, имкони баҳамойӣ ё ҷудошавии онҳоро омӯзанд”. Ҳамин тавр, ба ҳаракати таърихӣ ва бузурге асос гузошта шуд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки тамоми қаламрави Русияи Шӯравӣ, аз ҷумла Осиёи Миёнаро фаро гирифт, нагузошт ин барнома роҳандозӣ шавад. Перомуни ин масъала донишманди шинохтаи тоҷик академик Раҳим Масов (бо забони русӣ) таҳқиқоте анҷом додаст, ки «Таърихи табартақсим» ва «Тоҷикон. Таърих бо муҳре комилан махфӣ» аз ҷумлаи онанд.
Зарурати тақсимоти марзӣ бо ангезаҳои миллӣ
Дар асноду мақолаҳои солҳои 20-уми асри гузашта зимни баршумурдани заруратҳои тақсимоти марзӣ таъкид мешавад, ки ҷумҳуриҳои халқӣ боястӣ ба ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ мубаддал гарданд. Дигар нуктае ки коммунистон дар ҷараёни тақсимот аз он зиёд мегуфтанду асли корро бар пояи он қарор медоданд, масъалаи пайвандҳои иқтисодӣ буд. Яъне иттиҳоде ба вуҷуд ояд, ки халқҳо тавонанд бо ҳам наздик шаванд ва манофеи иқтисодии онҳо дар авлавият қарор гирад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин тақсимотро на мардуми маҳаллӣ мехостанд ва онҳо на дар ин фикру андеша буданд. Ин як тарҳи ҳукумати марказӣ буд, ки манофеи хешро дар авлавият қарор дода буд. Аз ҷумла, болшевик Турар Ризқулови қазоқ, ки яке аз раҳбарони машҳури он замон буд, соли 1920 дар ҷавоб ба унвони Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Русия тақсимоти Туркистонро хилофи манофеи сиёсӣ ва иқтисодии минтақа шумурд. Болшевики дигар Иосиф Варейкис соли 1924 дар суханронии худ гуфт, ки “беҳтарин гузина барои мардуми Осиёи Миёна як федератсия мебошад ва рӯзгор моро ночор ба ин воқеият мерасонад. Аммо то таъсиси ин федератсия боястӣ давлатҳои миллиро бисозем, то онҳо рӯзе ба ҳам оянд”. Ҳамин тавр бо анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва шикаст хӯрдани ҳаракати муқовимат алайҳи Шӯравӣ масъалаи тақсимоти нави Осиёи Миёна дубора матраҳ гардид.
Ҳаракати муқовимати мардумӣ дар кулли Осиёи Миёна нишон дод, ки дар миёни мардуми минтақа ухуввату бародарии динӣ хеле қавӣ мебошад. Агар дар Қуқанд як руҳонӣ даъвате дар заминаи дину имон мекард, он дар Бухорову Тошканд ва Хоразму Фарғона ҳамовозӣ пайдо мекард. Ҳамон тавре, ки оташи ин ҳаракат аз Фарғона шуруъ гашт ва тамоми Осиёи Миёнаро фаро гирифт. Ҳукумати Шӯравӣ ба хулосае расид, ки боястӣ дар ин марзу бум воҳидҳои нави маъмурӣ таъсис дода шавад. Агар бар асоси қавму миллат ин воҳидро таъсиc диҳанд, бо як тир ду нишон зада мешавад. Нахуст ин кишварҳо аз ҳам ҷудо мешаванд ва бо нодуруст тарҳ кардани ин масъала оташе зери хокситари ин минтақа ҳамеша фурӯзон нигоҳ дошта мешавад ва дар сурати зарурӣ онро ҳар замон метавон пуф карду тарҳи низоъ дарандохт. (Ҳамон тавре, ки пири истеъмор Британия дусад сол бар Ҳинд тохту вақте зарурати баромадан аз ин сарзамин фаро расид, бо тақсимоти ғалату ноҷо миёни мардум ҳиндунажод (Ҳиндустону Покистон) дар заминаи динӣ чунон тафриқае эҷод кард, ки бо гузашти 80 сол ҳам оташи фитнааш фурӯзон боқӣ мондааст). Дигар ин ки халқҳои минтақаро барои ҳамеша миннатдор месохт, ки мо ба шумо давлат додем ё мо шуморо сохтем. Тавре ки имрӯзҳо мукаррар ин садо шунида мешавад ва парвардаҳои ин андеша аз миёни миллали ситамдида низ онро тутивор такрор мекунанд. Як бор намеандешанд, ки ба тоҷикон дар сарзамине ки 70 пушташон зиндагӣ мекард бо салоҳдиди худ давлати муҳтоҷу ниёзманд бахшид. (Дар таърихнигории Ҳинд ё Чин, ки рӯзгори истеъморро паси сар кардаанд, ҳеч як муаррихи ин кишварҳо инчунин сипоснома иншо намекунад!)
“Табартақсим” ва паёмадҳои он
Муҳимтарин рӯйдодҳо дар раванди тақсимоти миллию марзӣ соли 1924 иттифоқ уфтод. Моҳи феврали соли 1924 дар ҷаласаи Кумитаи марказии ҳизбии Бухоро суханоронии Файзулло Хоҷа “дар бораи тақсимоти Осиёи Миёна ба ҷумҳуриҳои миллӣ” шунида шуд. Дар рӯзномаи ин ҷаласа мавзӯи асосӣ тақсими ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ ба шумор мерафт. Таъкид шуд, ки фурсате расида, ки ин воҳидҳои маъмурии замони куҳан тағйир дода шаванд. Ду масъалае, ки Файзуло Хоҷа матраҳ кард, муҳим буданд. Яке аз он масъалаи туркманҳо буд. Гуфта шуд, ки туркманҳоро “бояд ҷудо кард, зеро ин беҳтарин роҳ аст”. Аммо нагуфт чаро маҳз туркманҳо бояд ҷудо карда шаванд.
Асли кор дар он аст, ки раҳбари муқовимати зидди Шӯравӣ аз миёни туркманҳо Ҷунайдхон пас аз чанд ҷанг бо аскарони сурх соли 1919 бо Ҳукумати Шӯравӣ тарҳи сулҳро роҳандозӣ карда, истиқлолияти Хиваро хостор гашт. Сипас бо шарти воҳиди алоҳида бахшидан ба туркманҳо сулҳи дубора кард. Ҳарчанд неруҳои Ҷунайдхон барои идомаи мубориза кофӣ набуданд, пас аз ҳар ҷанг ӯ талаби нав пешниҳод мекард, ки дар меҳвари он масъалаи туркманҳо ва давлати ояндаи эшон буд. Ин шартгузорӣ ва тафовути ҷидии ҳаёти туркманҳо аз дигарон (қирғизу туркману тоҷик) имкон дод, ки туркманҳо соҳиби нахустин ва бузургтарин воҳиди маъмурии худ дар минтақа шаванд. Бар хилофи Узбекистон, ки мухторияти Тоҷикистонро дар таркиб дошту, қазоқҳову қирғизҳо ки дар таркиби Русия монданд, Туркманистон мисли порчаи яклухт, ки 90 % туркманҳои Осиёи Миёнаро фаро мегирифт, ба рӯзгори нав шуруъ кард.
Пас метавон ду омилро дар сарнавишти туркманҳо муассир донист. Нахуст муборизаи оммавии туркманҳо таҳти ливои раҳбари ягона Ҷунайд ва пуштибонӣ аз ӯ. (Бар хилофи муборизони тоҷик алайҳи Шӯравӣ дар солҳои 20-ум, ки миёнашон иттиҳоду ҳамбастагӣ дида намешуд. На ононе ки ҷонибдори давлати Шӯравӣ буданд ва на мухолифони давлати Шӯравӣ). Дигар вижагии хосси туркманҳо ҳамчун халқи ҷудогона. Яке аз хусусиёти туркманҳо дар давраи асрҳои миёна ва замони нав он буд, ки онҳо аз омезиш бо халқҳои дигар хеле эҳтиёт мекарданд. Ҳатто дар замони пирӯзии муғулҳо сарони қавми туркман ба мардуми хеш тавсия медоданд, ки ба ҳеч ваҷҳ бо муғулҳо омезиш накунанд! Барои мисол тарзи зиндагии қирғизҳову қазоқҳо чунон баҳам монанд буд, ки русҳо то ибтидои асри ХХ қазоқҳоро қирғиз мегуфтанд ва қирғизҳоро ба хотири фарқ кардан қароқирғиз меномиданд. Ё он ки монандии зиндагии тоҷикону узбекони шаҳрӣ сабаб шуд, ки унсури шаҳрнишинро сарт номанд ва то имрӯз бисёре аз муҳаққиқон дар мансубияти сартҳо ба тоҷикон ё узбекон сарсону мутаҳаййиранд. Туркманҳо дар ибтидои асри ХХ дар ҳудуди давлатҳои Хива, Бухоро, Афғонистон, Эрон ва Ироқ зиндагӣ карда, туркман боқӣ монаданд. Оре, онҳо тавонистанд аз қавму забону мазҳаби худ ба хубӣ дифоъ кунанд. Дар шадидтарин даврони шиасозии Эрон (асрҳои XVI-XVIII) туркманҳо бар мазҳаби суннат боқӣ монданд! Барои ҳамин соли 1924 бо вуҷуди он ки туркманҳо аз ҷиҳати нуфуз камтар аз тоҷикон буданд, вале ҷумҳурии яклухт бо ҳудуди васеътар аз Убекистон насибашон гардид.
Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар меҳвари гуфтумони комиссия қарор дошт, асосан воҳаҳои сераҳолӣ ва шаҳрҳои умдаи минтақаро фаро гирифт. Тошканд, ки 50 соли охир маркази маъмурии генерал-губернатории Туркистон буд ва шаҳру воҳаҳои калидие чун Бухоро, Фарғона, Тирмиз ва Хоразм ба таркиби Узбекистон ҳамроҳ гаштанд. Вақте ки тоҷикон ҳам Душанбеву Бухорои Шарқиро барои миллатсозӣ нокифоя дониста, пешниҳод карданд, ки марказашон Самарқанд гардад, соли 1925 саросемавор пойтахти Узбекистонро ба Самарқанд кӯчонданд. Муҳаққиқи ин давра И. Бочкарева бо асноди тақсимоти миллӣ ошно гашта, ба хулосае расида буд, ки “тарҳи асосии ин тақсимот таъсиси Узбекистон буд”. Барои Ҳукумати Шӯравӣ ин тарҳ ҳаётӣ буд. Ду омил дар ин кор муассир буд. Яке он ки таҳсилкардаҳои Осиёи Миёна ба даъватҳои пантуркистон ҳамовоз шуда, дар фикри давлати ягона Туркистон ё Турон буданд ва Ҳукумати Шӯравӣ бо ташкили давлати муқтадире чун Узбекистон онҳоро қонеъ месохт. Дигар ин ки вақте русҳо ба минтақа омаданд, дар ҳар се давлати Бухорову Қуқанду Хива силсилаҳои узбекии манғиту мингу қунғурот ҳукумат мекарданд. Яъне бо ин кор узбекҳо қонеъ мегаштанд, ки комилан аз қудрат барканор нашудаанд ва аз баҳри ормонҳои Турони бузургу Туркияи қудратманд, ки дар ин солҳо хеле ҷонибдор дошт, мебаромаданд.
Соли 1925 ҷумҳурии мухтории Қирғизистон тағйири ном карду ҷумҳурии мухтори Қазоқистон гашт. Соли 1930 ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистонро ба таркиби Қазоқистон доданд ва бими он мерафт, ки Тошканд, ки аҳолии зиёди қазоқ дошту дар домани Қазоқистон ҷойгир буд, пойтахти ин ҷумҳурӣ гардад. Ба хотири ин, соли 1930 пойтахти Узбекистон ба Тошканд интиқол ёфт. Қазоқҳо, ки то он замон русҳо онҳоро қирғиз меномиданд, 50 сол пештар аз дигар халқҳои Осиёи Миёна ба Русия шомил гашта буданд ва дар таркиби Ҷумҳурии Русия воҳидҳои миллии худро ташкил доданд. Пойтахти аввалияи ҷумҳурии мухтори Қазоқистон шаҳри Оренбург, аз дасти онҳо гирифта шуда, ба Русия гузашт ва қазоқҳо дар шаҳри Алмаато, ки то чоли 1921 номи Верний дошт, пойтахт сохтанд. Вақте соли 1936 Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис ёфт, ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистонро ба Узбекистон доданд. Ҳарчанд қароқалпоқҳо шохаи қипчоқии туркҳо буда, аз нигоҳи фарҳанг ба қазоқҳо шабоҳати бештар доранд ва Қароқалпоқистон аз лиҳози ҷуғрофӣ низ бо Қазоқистон наздиктар аст. Фирк мекунам, ки бо ин бахшиш Ҳукумати Шӯравӣ баромадани Тоҷикистон аз Узбекистонро ҷуброн кард ва барои рӯзи мабодо Қароқалпоқҳои моил ба қазоқҳоро ба Узбекистон ато кард. Ин тақсимотро ҳамон солҳо муҳаққиқи ва арбоби давлатии солҳои 20-ум И.А. Зеленский хилофи баъзе суннатҳои минтақа ва саросемавор дониста “табартақсим” номид, ки “ногуфтаҳои фаровон” дорад. Ин ки солҳо дари бойгониҳои комиссияи тақсимот баста буду асноди он махфӣ нигоҳ дошта мешуд ва баъзе аснод ҳатто сӯзонда шуд, ҳикоят аз як кори оҷиливу махфӣ дорад, ки натиҷаҳои он дур аз адолату баробарӣ буданд.
Идома дорад…
Қаламонлайн