Сайидҳасан Насруллоҳ: “Бояд ин ғуддаи саратонӣ (Исроил)-ро решакан кунем!”

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Бояд ин ғуддаи саратонӣ (Исроил)-ро решакан кунем!”

Ахбори байналмилал

Насруллоҳ: “Ҷанги Ғазза, сарнавишти минтақаро рақам хоҳад зад”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки ба хотири сукути бархе кишварҳо ва ҳимоятҳои Омрико, Исроил ҳамчунон ба кушторҳои ҷамъӣ дар Ғазза идома медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар суханоне, таъкид кард: “Бояд тамоми талоши худро ба кор бигирем, то ин ғуддаи саратониро аз минтақаи худ решакан кунем”.

Вай бо таъкид бар ин ки Исроил ҳеч ояндае дар минтақаи мо надорад, ба ҳимоятҳои Яман аз миллати Фаластин пардохт ва тасреҳ кард: “Мавзеи Яман аз оғози ҷанг алайҳи Ғазза мушаххас буд ва ҳар гуна ҳамлаи Омрико, халале дар ҳимоятҳои Санъо аз Ғазза нахоҳад дошт. Ҷанги Ғазза низ ба хотири ҳимоятҳои Омрико ҳамчунон идома дорад.”

Насруллоҳ бо ишора ба ин ки Натонёҳу ба хотири сукути бархе кишварҳо, ба кушторҳои ҷамъӣ дар Ғазза идома медиҳад, гуфт: “Мавзеи (ҳимояти) бархе аз кишварҳо ва маҳкумияти ҷанги Ғазза ва кушторҳои он ва ба расмият шинохта шудани Фаластин, аз баракоти “Тӯфон ал-Ақсо” аст”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба оморе, ки раиси бонки марказии Исроил дар бораи фоҷеаи иқтисодӣ дар ин режим мунташир кард, гуфт: “Он гуна, ки Натонёҳу ва ифротиҳои режим мегӯянд, ҷанги Ғазза, як ҷанги мавҷудиятӣ аст ва мо низ бояд чунин тасаввуре дошта бошем.”

Вай ҷанги Ғаззаро муртабит бо оянда ва ҳокимияти Лубнон донист ва таъкид кард: “Ин ҷанг, сарнавишти Фаластин, Лубнон ва минтақаро рақам хоҳад зад. Сарони режим ба шимол (-и Фаластини ишғолӣ) омаданд, то ба дур кардани Ҳизбуллоҳ ифтихор кунанд, вале муваффақ нашуданд.”

Насруллоҳ бо баёни ин ки ҷабҳаи муқовамат имрӯз беш аз ҳар замони дигаре, густурдатар, фарогиртар ва бузургтар шудааст, хотирнишон кард: “Масъулони саҳюнист эътироф мекунанд ва мегӯянд, ки дар вазъияти баде қарор доранд, ки мушобеҳи онро аз 79 сол пеш мушоҳида накардаанд.”

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳимояти Қазоқистон аз тарҳи сулҳи Амрико барои Ховари Миёна
Пирӯзӣ дар авҷи нобоварии худи мусалмонон

Матолиби пурбоздид