Сайидҳасан Насруллоҳ кишварҳои арабӣ ва исломиро ба қатъи равобити дипломатик бо Шветсия фаро хонд
Ахбори байналмилал
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон, дар суханоне, бо ишора ба ин ки “мо дар Шветсия шоҳиди ҳатки ҳурмати Қуръони карим будем”, таъкид кард: “Он чи шоҳиди он будем, таҳрики эҳсосоти мусалмонон буд ва возеҳ аст, ки ҳар кас Қуръони каримро оташ зада ё ба он ҳатки ҳурмат кардааст, бо иҷозаи давлати Шветсия ин корро анҷом додааст.”
Вай изҳор дошт: ”Ҳатки ҳурмати Қуръон латма ба ҳамаи мусалмонон аст ва фақат як гурӯҳро нороҳат намекунад, мардум ҳақ доранд хашми худро иброз кунанд. Мо аз мусалмонон мехоҳем, то аз давлатҳояшон бихоҳанд суфарои худро аз Шветсия хориҷ ва суфарои Шветсияро аз кишварҳояшон ихроҷ кунанд.”
Сайид Насруллоҳ афзуд: “Ман фарохони вежае барои таҳассун баъд аз намози ҷумъа додаам ва аз давлати Лубнон мехоҳам дар эътироз ба ҳатки ҳурмати мусалмонон, сафири Шветсияро ихроҷ кунад.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон мардумро ба таҷаммӯъ муқобили масоҷид дар ҳимоят аз Қуръон тайи имрӯз, ҷумъа, фаро хонд ва гуфт: “Ҳамаи шуморо ба ҳимоят аз Қуръон фаро мехонам ва шабҳангом низ ҳамаи шумо ба маҷолис даъватед, биёед ва як нусха аз Қуръонро дар оғӯш бигиред.”
Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард: “Мо ба ҳама дунё мегӯем, ин Қуръонро бо қалбу хуни худ ҳифз мекунем ва ин масъулияти мост.”