Сайидҳасан Насруллоҳ: “Посухи мо қавӣ, муассир ва коромад хоҳад буд”

 

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Посухи мо қавӣ, муассир ва коромад хоҳад буд”

Ахбори байналмилал

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне ба муносибати 7-умин рӯзи шуҳадои ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Бейрут эълом кард: “Посухи мо дар пеш аст. Ин посух қавӣ, муассир ва коромад хоҳад буд. Рӯзҳо ва шабҳои пеши рӯ ва таҳаввулоти майдони набард, вазъияти мо ва душманро мушаххас мекунад.”

Ба гузориши Алмаёдин, Сайидҳасан Насруллоҳ бо ишора ба шаҳодати Фуод Шукр, фармондеҳи Ҳизбуллоҳ ва Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, гуфт: “Шаҳодати Исмоил Ҳаниа зиёни бузурге барои муқовамат ва миллати Фаластин аст, аммо муқовамати Фаластинро заъиф накардааст.”

Вай дар бахше аз суханони худ гуфт: “Омрико ҷаҳонро фиреб медиҳад ва мегӯяд, аз амалкарди Натонёҳу дар ҷараёни ҷанг норозӣ аст ва дар ҳоли эъмоли фишор ба вай аст, аммо ҳамаи инҳо дурӯғ аст, зеро онҳо Исроилро бо тоннҳо силоҳ таҷҳиз мекунанд.”

Насруллоҳ гуфт: “Дифоъи Омрико аз Исроил нишондиҳандаи он аст, ки Исроил дигар аз назари қудрат ва шукӯҳ, монанди қабл нест.”

Насруллоҳ идома дод: “Исроил, ки дар солҳои 1967 ва 1973 бо қавитарин артишҳои минтақа ҷангид, акнун аз вокуниши Эрон ва Ҳизбуллоҳ метарсад ва аз кишварҳои ғарбӣ барои дифоъ аз худ дархости кӯмак мекунад.”

Вай афзуд: “Родорҳои Исроил ва моҳвораҳои Омрико аз тарси вокуниш, дар авҷи омодагӣ ҳастанд, аммо имрӯз паҳподҳои мо ба шарқи шаҳри Акко расиданд.”

Вай афзуд: “Бо фурӯ бурдани сарҳо дар барф монанди кабк ва фирор аз тӯфон, наметавон бо хатари Исроил рӯ ба рӯ шуд, зеро душман ҳеч хатти қирмизеро дар ҷанг намешиносад. Бояд мувоҷеҳа кард, муқобила кард, тардид надошт ва таслим нашуд. Ин як вазифи инсонӣ ва шаръӣ аст.”

Насруллоҳ идома дод: “Вазифаи тамоми аҳолии минтақа он аст, ки мумонаъат аз пирӯзии Исроил дар ин набард ва мумонаъат аз аз байн бурдани муқовамат ва масъалаи Фаластинро ҳадафи худ қарор бидиҳанд. Ҳар инсони шарифе бояд ба муқобила бипардозад. Ҳадафи ин набард, мумонаъат аз пирӯзии Исроил ва аз байн бурдани масъала Фаластин аст.”

Вай афзуд: “Терури фармондеҳон Шукр ва Ҳаниа барои Исроил як дастовард ба шумор меояд, аммо моҳияти ин набардро тағйир намедиҳад. Ин терурҳо боис шуд вазъияти душман душвортар шавад, зеро амалиётҳо дар каронаи Бохтарӣ афзоиш ёфтанд, омори муҳоҷирати маъкус (аз сарзаминҳои ишғолӣ) боло рафт ва илова бар ин, (Исроил) дар тамоми заминаҳо бо зиён мувоҷеҳ шуд.”

Насруллоҳ идома дод: “Исроил ҳатто пас аз терури шаҳид Исмоил Ҳаниа ва шаҳид Сайид Фуод Шукр на танҳо ҳамчунон дар вазъияти душвор ба сар мебарад, балки ба эътирофи худи онҳо, дучори вазъияти душвортар шудааст.”

Насруллоҳ идома дод: “Мо аз кишварҳои арабӣ мехоҳем, ки дар баробари хатаре, ки минтақаро таҳдид мекунад, аз хоби ғафлат бедор шаванд. Мо муҷаддадан аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ мехоҳем, ки дар рафтори худ дар баробари хатарҳое, ки минтақаро таҳдид мекунад, таҷдиди назар кунанд.”

Вай афзуд: “Ҳизбуллоҳ, Эрон ва Яман мулзам ба вокуниш ҳастанд ва душман дар интизори ин вокуниш аст. Душман гумон мекунад, ҳар садои баланде, вокуниш будааст. Мо бо шуҷоат ва ҳавсала рафтор мекунем ва интизори якҳафтаии Исроил барои вокуниш, бахше аз муҷозот аст.”

Насруллоҳ гуфт: “Дар гузашта душман дар марзҳои Лубнон бо нигаронӣ ҳузур дошт, аммо акнун таҳдиди Ҳизбуллоҳ ва Эрон боис шуда тамоми Исроил дар нигаронӣ ба сар бибарад.”

Насруллоҳ идома дод: “Омрикоиҳо дархости вақти бештар барои талош ҷиҳати таваққуфи ҷанг дар Ғазза карданд, аммо чӣ касе метавонад ба омрикоиҳо эътимод кунад, ки аз 10 моҳ пеш ба дурӯғ ва дурӯйӣидома медиҳанд?”

Вай афзуд: “Иншоаллоҳ посухи мо ба танҳоӣ ё бо ҳамроҳии ҷабҳаи муқовамат, дар пеш аст. Ин як набарди бузург аст, ки дар он хунҳои воло ва азиз рехта шуда ва ҳамлае хатарнок сурат гирифта, ки ҳар паёмаде ҳам дошта бошад, муқовамат наметавонад аз канори он бигузарад.”

Насруллоҳ гуфт: “Имрӯз бо масъулиятпазирӣ сухан мегӯем. Мо аз ояндае сӯҳбат мекунем, ки бо хуни шуҳадо, сабр ва таҳаммуламон ва бо таваккуламон бар Худо, дар канори ҳам онро хоҳем сохт.”

Вай афзуд: “Ин душмани исроилӣ буд, ки ташдиди таниш бо Лубнон ва Эронро интихоб кард. Мо ба ватанамон Лубнон ва ба ҳамватанонамон таваҷҷӯҳи вежа дорем, аммо намешавад аз мо хоста шавад, ки монанди набарди 10 моҳ гузашта, бо душман рафтор кунем.”

Насруллоҳ гуфт: “Посухи мо дар пеш аст. Ин посух қавӣ, муассир ва коромад хоҳад буд. Рӯзҳо ва шабҳои пеши рӯ ва таҳаввулоти майдони набард, вазъияти мо ва душманро мушаххас мекунад.”

Қаламонлайн

 

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаъоли маъруфи омрикоӣ: “Эрон ҳанӯз як мушак ҳам партоб накарда, вале ҷаҳон дар ҳоли фурӯпошӣ аст!”
Вазири собиқи Исроил: Эъломи вазъияти омодабош, дастоварде барои Эрон ва Ҳизбуллоҳ аст

Матолиби пурбоздид