Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҷинояти ҳавлноки Рафаҳ бояд боиси бедории онҳое шавад, ки сокитанд”

 

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҷинояти ҳавлноки Рафаҳ бояд боиси бедории онҳое шавад, ки сокитанд”

Ахбори байналмилал

Alalam

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросиме бо ишора ба фоҷеаи Рафаҳ гуфт: “Ҷиноёти Исроил бояд ибрате барои мо ва онҳое бошад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва қонунҳои байналмилалӣ дил хуш кардаанд, нифоқи Омрико дар бораи Рафаҳ нақши муҳимме дар ин ҷиноят дошт, ҷинояти ҳавлноки Рафаҳ бояд боиси бедории онҳое шавад, ки дар ин ҷаҳон ё ғофиланд ё сокитанд.”

Ба гузориши Алъолам, вай гуфт: “Ҷиноят Рафаҳ умқи ваҳшигарии саҳюнистҳоро исбот кард, душман мегӯяд, ба Мавосӣ биравед, он ҷо амн аст, сипас фаластиниёнро бо ваҳшигарӣ бомбборон мекунад.”

Насруллоҳ ёдовар шуд: “Рафаҳ обрӯи душмани саҳюнистиро бурд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ёдовар шуд: “Ин ҷиноят ва ин хунҳои мазлум боиси фурӯпошии режими саҳюнистӣ хоҳад шуд, бархе мӯътақиданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Лубнон ҳимоят хоҳад кард, аммо Ғазза ба онон фаҳмонд, ки танҳо чизе, ки аз мо ҳимоят мекунад, силоҳ, муқовамат ва шуҷоати мост.”

Сайидҳасан Насруллоҳ хотирнишон кард, ки ба тарафҳое, ки иқдом ба оддисозӣ карданд, мегӯем, ки оё бо ин ваҳшиҳо ва хиёнаткорон оддисозӣ мекунед?

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки ҷинояти Рафаҳ талош барои зебосозии виҷҳаи воқеии душмани саҳюнистӣ ба унвони ҳукумати ахлоқмадорро бармало намуд, режими саҳюнистӣ дунё, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва додгоҳи додгустарии байналмилалӣ, ки ҳукм ба таваққуфи ҳамла ба Рафаҳро дода буд, ба чолиш кашидааст.

Вай таъкид кард, ки ҷиноёти Исроил бояд ибрате барои мо ва онҳое бошад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва қавонини байналмилалӣ барои ҳимоят аз Лубнон дил хуш кардаанд, нифоқи Омрико дар бораи Рафаҳ нақши муҳимме дар ин ҷиноят дошт, ҷинояти ҳавлноки Рафаҳ бояд боиси бедории онҳое шавад, ки дар ин ҷаҳон ё ғофиланд ё сокитанд.

Насруллоҳ ёдовар шуд, ки мо дар баробари душмане ҳастем, ки бӯйе аз арзишҳои ахлоқӣ набурда ва бадтар аз нозиҳост, бояд ин ҷиноёти ҳавлнок маҳкум шавад, то душман барои таваққуфи таҷовуз таҳти фишор қарор гирад.

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

 

 

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Amnesty International: “Ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи Рафаҳ, ҷинояти ҷангӣ аст”
Диоген – файласуфи девона ё девонаи файласуф?

Матолиби пурбоздид