Сайидҳасан Хумайнӣ: “Ҷинояти режими саҳюнисти мӯҳтоҷи посухе муносиб ва боздоранда аст”

Сайидҳасан Хумайнӣ: “Ҷинояти режими саҳюнисти мӯҳтоҷи посухе муносиб ва боздоранда аст”

Ахбори байналмилал

Сайидҳасан Хумайнӣ дар паёме, ҷинояти режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба сафорати Эронро бетардид мӯҳтоҷи посухе муносиб ва боздоранда донист.

Ба гузориши Исно, матни паёми Сайидҳасан Хумайнӣ бад-ин шарҳ аст:

Бисмиҳи Таоло

Ҷинояти бесобиқаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ва шаҳодати ҷамъе аз арзишмандтарин фарзандони Эронро хидмати фармондеҳи кулли қуво ва ҳамразмони ғаюри эшон ва хонаводаҳои азизашон ва ҳамчунин мардуми Эрон таслият арз менамоем.

Агарчӣ таарруз ба мусташорони Эрон дар Сурия ва ҳамчунин донишмандони мо масбуқ ба собиқа аст, вале чунин ҷинояте, ки бо зери по гузоштани ҳамаи қавонини байналмилалӣ аст, ҳам нишонгари истисоли (решакан шудани) Исроил дар саҳнаи набарди Ғазза ва дар афкори умумии ҷаҳонӣ аст ва ҳам бетардид мӯҳтоҷи посухе муносиб ва боздоранда аст, ки битавонад муодилоти режими ҷинояткори Исроилро баҳам бизанад.

Худои Мутаол бар улувви дараҷоти шуҳадои азиз биафзояд ва эшонро бо авлиёи худ маҳшур дорад!

Сайидҳасан Хумайнӣ

14 фарвардини 1403 (2 апрели 2024)

Isna

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вокуниши раҳбари Эрон ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии ин кишвар: “Режими саҳюнистиро пушаймон хоҳем кард!”
Абдулборӣ Атвон: Вокуниши Эрон ба амалиёти Димишқ вайронгар хоҳад буд

Матолиби пурбоздид