Саккокӣ – донишҷӯи бузургсол

Таърих

 

Саккокӣ – донишҷӯи бузургсол

Саккокӣ марде филиззкор ва санъатгар буд, тавонист бо маҳорат ва диққат давоте бисёр зариф бо қуфле зарифтар бисозад, ки лоиқи тақдим ба подшоҳ бошад. Интизори ҳама гуна ташвиқу таҳсин аз ҳунари худ дошт. Бо ҳазорон умеду орзу онро ба подшоҳ арза кард. Дар ибтидо ҳамон тавре, ки интизор мерафт, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, аммо ҳодисае пеш омад, ки фикру роҳи зиндагии Саккокиро ба куллӣ иваз кард.

Дар ҳоле, ки шоҳ машғули тамошои он санъат буд ва Саккокӣ ҳам саргарми хиёлоти хеш, хабар доданд олиме (адиб ё фақеҳе) ворид мешавад. Ҳамин ки ӯ ворид шуд, шоҳ чунон саргарми пазироӣ ва гуфтугӯи бо ӯ шуд, ки Саккокӣ ва санъату ҳунарашро якбора аз ёд бурд. Мушоҳидаи ин манзара, таҳаввуле амиқ дар руҳи Саккокӣ ба вуҷуд овард.

Донист, ки аз ин кор ташвиқу тақдире, ки мебоист, намешавад ва он ҳама умедҳо ва орзуҳо бемавқеъ аст. Вале руҳи баландпарвози Саккокӣ он набуд, ки битавонад ором бигирад. Ҳоло чӣ бикунад? Фикр кард ҳамон кореро бикунад, ки дигарон карданд ва аз ҳамон роҳ биравад, ки дигарон рафтанд. Бояд ба дунболи дарсу китоб биравад ва умедҳо ва орзуҳои гумшударо дар он роҳ ҷустуҷӯ кунад. Ҳарчанд барои як марди оқил, ки давраи ҷавониро тай карда, бо тифлони наврас ҳамдарс шудан ва аз муқаддамот шурӯъ кардан, кори осоне нест, вале чорае нест, моҳиро ҳар вақт аз об бигиранд тоза аст.

Аз ҳама бадтар ин ки вақте, ки шурӯъ ба дарс хондан кард, дар худ ҳеч гуна завқу истеъдоде нисбат ба ин кор надид. Шояд ҳам иштиғоли чандинсолаи ӯ ба корҳои фаннӣ ва санъатӣ завқи илмӣ ва адабии ӯро ҷомид ва шах карда буд. Вале, на гузаштани синн ва на хомӯш шудани истеъдод, ҳеч кадом натавонист ӯро аз тасмиме, ки гирифта буд боздорад. Бо ҷиддияти фаровон машғули кор шуд, то ин ки иттифоқе афтод: омӯзгоре, ки ба ӯ фиқҳи шофеӣ меомӯхт, ин масъаларо ба ӯ таълим кард:

“Ақидаи устод ин аст, ки пӯсти саг бо даббоғӣ пок мешавад.”

Саккокӣ ин ҷумларо даҳҳо бор пеши худ такрор кард, то дар ҷаласаи имтиҳон хуб аз ӯҳда барояд, вале ҳамин ки хост дарсро пас бидиҳад, ин тавр баён кард:

“Ақидаи саг ин аст, ки пӯсти устод бо даббоғӣ пок мешавад.”

Хандаи ҳуззор баланд шуд. Бар ҳама собит шуд, ки ин марди бузургсол, ки дар пирӣ ҳаваси дарс хондан карда ба ҷое намерасад. Саккокӣ дигар натавонист дар мадраса ва дар шаҳр бимонад, сар ба саҳро гузошт. Ҷаҳони паҳновар бар ӯ танг шуда буд. Аз қазо ба доманаи кӯҳе расид; мутаваҷҷеҳ шуд, ки аз баландӣ қатра-қатра об рӯи сахрае мечакад ва дар асари резиши мудовим, сахраро сӯрох кардааст.

Лаҳзае андешид ва фикре монанди барқ аз мағзаш убур кард, бо худ гуфт: дили ман ҳар андоза ғайримустаъид бошад, аз ин санг сахттар нест! Мумкин нест мудовимат ва пуштикор бе асар бимонад.

Баргашт ва он қадр фаъолият ва пуштикор ба харҷ дод, то истеъдодаш боз ва завқаш зинда шуд. Оқибат яке аз донишмандони камназири адабиёт гашт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешаҳои сиёсии Имом Абӯҳанифа (р) 
Достони Ҷувайбар ва Зулфо

Матолиби пурбоздид