Саргузашти талхи генерал Волков
Мадрасаи торих
Таҳияи Заҳриддин Рустамов
Саргузашти талхи генерал Волков
Соли 1990 генерал Волков бо аҳли оила аз бӯстонсаро гум шуд. Ӯ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генерали барҷаста буд.
Соли 1990 дар айни авҷи бесарусомониҳо ва порашавии давлати абарқудрат ӯ ва аҳли оилааш аз худ изе боқӣ намонда, ғайб заданд.
Тафсири расмӣ: хиёнат ба Ватан, гурехтан ба Ғарб. Лекин ҳақиқат дигаргуна буд. Ва барои ошкори ин ҳақиқат се даҳсола лозим шуд.
- Тобистони охирини СССР
Августи соли 1990. Мамлакати бузурги шӯроҳо дар арафаи дигаргуниҳо қарор дошт.
Дар кӯчаҳо ҳанӯз парчамҳои сурх алвонҷ мезаданд, дар мағозаҳо навбатпоии одамон канда намешуд, лекин тамоми барномаҳои телевизион иборат аз мавзӯи “тафаккури нав” буд.
Ҳеҷ кас намедонист, ки пас аз як сол Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам мехӯрад.
Дар атрофи Маскав, дар шаҳраки бӯстонсароҳо, ки “Баландиҳои сабз” ном дошт, одамони доираи гузида – генералҳо, полковникҳо, директорони заводҳо, амалдорони ҳизб зиндагӣ мекарданд. Дар байни онҳо ҳамчунин генерал – майор Алексей Сергеевич Волков
танкчии афсонавӣ, иштирокчии набардҳои Афғонистон ҳам буд.
Вай моҳи июни соли 1990 аз хизмат ба хона баргашт. Хастаҳол, орому камгап менамуд. Дар чашмонаш осори азият мушоҳида мегардид.
Завҷаи соҳибҷамол ва оқилаи вай Елена омӯзгори фанни забони англисӣ аз бозгашти ӯ хеле масрур гардида буд, вале ҳис мекард, ки дар шавҳараш кадом як тағйироти хеле ҷиддӣ
рӯй додааст.
Ӯ майли гап задан надошт. Соатҳо дар пешайвон нишаста, сигор мекашид, чашм ба торикӣ медӯхт.
Духтари шонздаҳсолаи онҳо Аня, баъдтар дар дафтари хотирот ёдовар шуда буд:
“Падарам мисли бегона гардидааст. Ман аз хомӯшии ӯ дар ҳарос ҳастам. Баъзан шабҳо рӯйи ҳавлӣ баромада, дурудароз ба осмон нигоҳ мекунад. Худ ба худ гап мезанад…”
- Бедаракшавӣ
Бегоҳии 28 август ҳамсояҳо Волковҳоро охирин маротиба дидаанд. Дар пешайвон чароғ гирон буд. Мусиқӣ паст садо медод. Чунин ба назар мерасид, ки ҳама ҷо тинҷию осудагист.
…Рӯзи дигар барои бурдани Волков аз ситод ронанда омад. Лекин дарро ҳеҷ кас накушод.
Ва оқибат кормандони милитсия дарро кушоданд. Дар дохил ҳама ҷо бо тартиб буд. Тамоми зарфҳо шуста, рахтҳои хоб, ашёи рӯзғор ҷой бар ҷой буданд. Дар болои миз чойи пурра нанӯшида меистод. Аз афтударафт нишоне набуд.
Болои фарши хона ҷузвдони кушода бо ҳуҷҷатҳои ҳарбӣ ва дар назди он хокистардони чаппашуда мехобид. Тамоми аҳли оила гум шуда буд, на ҷасади одамон ва на ягон навиштаҷот.
Дарҳол мишмиш ва фарзияҳо пайдо шуданд. Ким-кадоме мегуфт, ки Волков ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон (ФРГ) фирор кардааст. Гӯё ҳангоми берун шудани қӯшунҳои шӯравӣ ӯ дар ин мамлакат алоқаҳо доштааст.
Дигарон тасдиқ мекарданд, ки ӯро барои бисёр чизҳоро донистанаш худиҳо нобуд кардаанд.
Соли 1990. Корҳои тафтишот дар як ҷо даступо мезад. Вазоратҳо барҳам мехӯрданд, парвандаҳо гум ва маводҳои бойгонӣ аз нав навишта мешуданд.
Декабри соли 1991 Иттифоқи Шӯравӣ ҳастиашро қатъ кард ва парвандаи генерал Волков бо мӯҳри “Махсусан муҳим” ба бойгонӣ супорида шуд.
- Хомӯшие, ки даҳсолаҳо ба дарозо кашид.
Муддатҳо гузаштанд. Солҳои навадум ҳама чиро тагурӯ кард – беҳокимиятӣ, ҷангҳо, авбошигариҳо. Дар ин муҳити бесару сомонӣ кӣ ҳам аз генерал Волков ёд мекард?!
Фақат дар оғози солҳои 2000 -ум рӯзноманигори ҷавон Олга Климова, духтари афсари собиқ ҳангоми кор бо маводи “генералҳои солҳои бозсозӣ гумшуда” бо ному насаби Волков дучор шуд.
Дар бойгонии Вазорати Мудофиа ба ӯ иҷозати шинос шудан бо ин парвандаро бо баҳонаи он, ки ҳоло ҳам махфӣ мебошад, надоданд.
Лекин иқдом ва шавқ баҳри ошкор намудани ин қазияи дар торикиҳо монда, бедор шуда буд. Ва Олга ба ҳамон шаҳраки бӯстонсароҳо роҳ пеш гирифт.
Хонаи Волковҳо аз бесоҳибӣ харобу валангор гардида буд. Тирезаҳои хона тахтабанд шуда буданд. Боғи назди ҳавлӣ намуди ҳузнангез дошт.
Ҳамсояҳо кайҳост, ки кӯчида рафта, ё ки фавтидаанд. Танҳо як кампирак, ҳамсояи Волковҳо, ҳодисаи ғамангези он солҳои дурро нақл кард:
“Он шаб ман шунидам, ки саги онҳо ҳазин, дурудароз уллос кашид. Баъд ҳама ҷо сокит шуд. Аммо саҳар дар роҳраве, ки сӯи ҷангал мебурд… изи пойҳо намоён буд. Гӯё кадом як чизи вазнинро мебурданд, ки изҳо хоно сабт гардида буданд. Лекин милитсия гуфт, ки гапи беҳуда, замин нам асту ба назар чунин менамояд…”
- Пинҳонгоҳ
Олга дар тараддуди рафтан буд, ки дар пешайвони хона зери фарши пӯсида як қуттичаи тунукагиро ки латтабанд шуда буд, мушоҳида кард.
Дар дохили он – навори кӯҳна ва навиштаҷот бо хати зан:
“Агар шумо инро ёфта бошед, пас ҳақиқат рӯи об мебарояд. Моро душманон намекушанд. Моро худиҳо кушта истодаанд. Моро бубахшед. Елена Волкова. 28.08.90”
Журналистка бо дастони ларзон наворро ба проектори кӯҳна гузошт. Дар кадрҳо – генерал Волков дар казармаи немисҳо. Дар қафои ӯ қатори танкҳо.
Лекин аз ҳама асосӣ суроби одамоне буданд, ки дар бар сарулибоси мулкӣ (гражданӣ) доштанд, ки онҳоро Волков пинҳонӣ ба навор гирифтааст.
Дар байни онҳо чеҳраи шинос, марди қоматбаланди портфел дар даст – намояндаи тиҷорати шӯравӣ. Баъдтар ин симо ҳамчун бизнесмен ва сиёсатмадори маъруфи Русияи нав шинохта мешавад.
Дар кадрҳои охир – ҳуҷҷат: нусхаи фармони махфӣ дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Демократиии Олмон берун баровардани пайконҳои (боеголовка) яроқи ядроӣ ба самти номаълум.
Ва имзо – «Волков».
- Таҳдид
Олга сарфаҳм рафт. Генерал нагурехтааст. Ӯ шоҳиди нохондаи амалиёте буд, ки бояд дар таърих сабт намегардид. Мумкин қадар вай – Волков ин маълумотҳоро барои журналистон омода намуда, ба онҳо медод, лекин кадоме бар ӯ пешдастӣ кардааст.
Олга ин маводҳоро ба афсари шиноси ФСБ дод. Аммо пас аз як ҳафта ин корманд дар садамаи роҳу нақлиёт ба ҳалокат расид.
Олга мушоҳида намуд, ки хатту ҳаракатҳои ӯро шахсони номаълум пайгирӣ менамоянд. Ӯ онро дар зангҳои телефонӣ, ҳатто сояҳои зери тиреза низ эҳсос мекард. Аз ин рӯ салоҳ донист муваққатан ба шаҳри Псков назди хешовандон равад. Аз ин қазия қариб бисту панҷ сол сипарӣ гардид.
- Соли 2023. Бозгашт.
Баҳори соли 2023 дар яке аз биноҳои идоравии вилояти Калуга таъмир гузаронида мешуд. Коргарон ҳангоми кофтани сарпӯши бетонӣ сейфи кӯҳнаи ҳарбиро ёфтанд.
Замоне, ки онро кушоданд, дар дохили он фуражкаи афсар, овезаи бачагона бо ҳуруфи “А” ва ҷузъгири оҳаниро пайдо карданд.
Дар муқоваи он – “Қатъиян махфӣ. Парвандаи № 47/9. ВОЛКОВ А.С.» навишта шуда буд.
Маводҳои дохили он ҳатто кормандони пуртаҷрибаро ба ҳаяҷон овард. Он ҷо суратҳои зиёд, харитаҳо, қайди гуфтушунидҳо ҷой доштанд.
Дар сабти яке аз наворҳо генерал Волков мегуфт:
“Агар ин ҳуҷҷатҳо гум шаванд, аз паси онҳо мамлакат ҳам нест мешавад. Ман хоин нестам. Лекин мумкин фардо маро айнан ҳамин тавр ном баранд”.
Дар саҳифаи охирин имзои ӯ, сана ва вақти дақиқ: 28 августи соли 1990, соати 23:47 дақиқа
- Ҳақиқат
Таҳқиқе, ки дар рӯзҳои мо оғоз гардид, муқаррар намуд, ки дар охири моҳи августи соли 1990 гурӯҳи афсароне, ки бо разведкаи ҳарбӣ алоқаманд буданд, мехостанд пайконҳои бомбаи ядроиро пинҳонӣ тариқи миёнаравҳо ба мамлакатҳои Шарқ фурӯшанд.
Генерал Волков аз ин хабардор шуда, мекӯшад амалиётро қатъ намуда, маълумотҳоро ба Маскав расонад. Лекин ҳар қадами ӯро назорат мекарданд.
Шабона ба хонаи Волковҳо одамони мусаллаҳ ҳамла оварданд. Аз рӯи тасдиқи муфаттишон ҳамаи аъзои оила аз хона зӯран бароварда, дар макони номаълум нобуд карда шудаанд. Баҳри рӯйпӯш кардани изи ҷиноят ташкилкунандагони он баҳонаи “фирор аз мамлакат”-ро истифода карданд.
Елена Волкова дар ҳақиқат ҳамон шаби хунрезӣ тавонистааст, далелҳо қуттича бо наворҳоро ҷое пинҳон кунад.
- Акси садои солҳо
Вақте, ки соли 2023 парда аз рӯи ин асрор бардошта шуд, аз иштирокчиёни ин ҳодиса қариб, ки одаме зинда намонда буд.
Яке аз афсарони собиқ дар дами ҷонканӣ эътироф кард:
“Ӯ хиёнат накард. Ягона одаме буд, ки ба савганд содиқ монд. Мо метарсидем, ки вай амалиётро фош менамояд. Барои ҳамин ҳам фармон қатъӣ буд – маҳв карда шавад!”.
Ин суханон дар хулосаи расмии гурӯҳи тафтишот сабт гардид.
Номи неки генерал Волков сафед карда шуд. Пас аз марг ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ баргардонида шуд.
- Қисмати журналистка
Олга Климова, ки ба шарофати ӯ қазияи генерал Волков аз нав рӯи кор омад, ҳангоми эълони хулосаи муфаттишон дар Прага зиндагӣ мекард. Вай ба шарте ба сӯҳбат розӣ шуд, ки номи одамон ба забон гирифта нашавад (бо ин гуфтаҳо рӯзноманигор эҳтимоли ҳоло ҳам пурзӯр будани решаҳои гурӯҳҳои мафиозӣ ва аз тарси ҷони худ чунин шарт гузоштааст – шарҳи тарҷумон).
“Ман ҳангомаҷӯӣ накардаам, – навиштааст Климова. Ман фақат хостам бидонам, ки бо он одаме, ки ба Ватан хиёнат накард, чӣ ҳодисае рӯй дод. Мо ҳамин қабил одамонро, афсӯс, ки бисёр вақт ба кунҷи фаромӯшӣ месупорем”.
Пас аз як моҳи чопи мақола ба Олга як лифофа омад. Сабти суроғаи тарафи муқобил набуд. Дар дохили лифофа сурати бӯстонсарои Волковҳо. Дар паси оинаҳои тиреза – суроби се нафар инъикос гардидаанд.
- Оромӣ
Хонаи Волковҳо ҳоло ҳам чуноне, ки буд, ҳаст. Бӯстонсарои кӯҳна, ки гирду атрофи онро буттаҳои сирен пахш кардааст, бо қуфли зангзада маҳкам пӯшида шудааст.
Сокинони маҳал мегӯянд, ки шомгоҳон хона равшан шуда, акси он ба тирезаҳо мезанад – касе ба хона баргаштааст ва ё шабаҳе бошад, ки хонаро тарк накардааст.
Ҳамсояҳо дар назди дарвоза гулҳо мегузоранд ва бар ин ақидаанд, ки бояд ба чизу чораи ин ҷо дасте касе нарасад.
- Номаи духтар
Соли 2024 кормандони бойгонӣ боз як ҳуҷҷат – дафтари мактабии Аня Волковаро аз болохонаи ҳамсоя ёфтанд.
Дар саҳифаи охирин – дастнависи бачагона:
“Модарам гуфт, ки агар хеле тоқатфарсо ҳам шавад, бояд хомӯш буд. Падарам мегӯяд, ки ҳақиқат намемирад. Вале ман зистан мехоҳам. Мехоҳам доимо офтоб болои сарам дурахшон бошад”.
- Акси садо
Аз ин ҳодисаи машъум сиву се сол гузашт. Номи генерал Волковро ҳоло дар академияҳои ҳарбӣ ҳамчун намуна ва тимсоли шарафи афсарӣ ба забон мегиранд.
Мутаассифона, ҳақиқат дар бораи ононе, ки фармонҳои хиёнаткорона додаанд, имрӯз низ паси парда боқӣ мемонад.
Ҳоло ҳам ҳуҷҷатҳо қисман махфӣ ҳастанд. Он замон расман эълон карданд: “Оилаи Волковҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ кушта шудаанд”.
Ғайрирасмӣ – фарзияе низ ҳаст, ки гӯё ҳамон шаб генерал вақт ёфта, баъзе маълумотҳоро ба шахси боваринок супорида бошад. Ин маводҳо мумкин имрӯз ҳам дар ҷое ҳифз ёбанд. Мумкин дар сейф, мумкин дар кадом як бойгонӣ зери мӯҳри “Махсусан махфӣ” қарор дорад.
- Мақбара
Ҳоло дар ҷойи бӯстонсарои кӯҳна мақбара бунёд намуда, дар рӯи санге навиштаанд:
“Генерал Алексей Волков ва аҳли оилаи ӯ августи соли 1990 бе ному нишон шуданд. Пас аз 33 сол ҳақиқати талх онҳоро ба мардум баргардонид”.
Ҳар сол ба ин макон собиқадорон, рӯзноманигорон, донишҷӯён меоянд. Касе хомӯширо ихтиёр мекунад, дигаре ба рӯи мақбара гул мегузорад.
Бегоҳӣ ҳине, ки офтоб ғуруб мекунад, ба назар садои сабуки бод ва овози зане шунида мешуд, ки мегуфт: “Акнун ту дар хона ҳастӣ…”
- Изе, ки ба торикӣ мебарад
Ҳангоме, ки рӯзгори Волковҳо дастраси матбуот гашт, аз ҷониби мардум мавҷи вокунишҳо ба амал омад.
Одамон садҳо нафар: собиқ ҳарбиён, ҳамкорон, кормандони бойгониҳо ба идороти рӯзномаҳо оиди ин қазия менавиштанд.
Як собиқадор, ки замоне дар гурӯҳи қӯшунҳои ғарбӣ хидмат мекард, хабар медод:
“Волков аз тоифаи одамоне буд, ки муросокориро чашми дидан надошт. Баъди берун шудани ҳарбиён аз хоки бегона ӯ зидди ба одамони алоҳида додани яроқу аслиҳа буд. Ӯро огоҳ карда буданд, лекин қайсарӣ карда, ба онҳо гӯш надод”.
Рамзнависи (шифровалшик) дигар як қисми сабти ин телеграммаро фиристода буд:
“К-47. Маводҳоро ба иншооти “Бета” супоред. Фақат зери насаби Волков”, вожаи “Бета” диққати журналист Климоваро ба худ ҷалб кард.
- Иншооти “Бета”
Дар харитаи кӯҳнаи ҳарбӣ Олга Климова чунин қайд: вилояти Калуга, анбӯҳи ҷангалзорони Черниговка, анбори рақами 47-ро дучор шуд.
Маҳз дар ҳамин ҷо соли 2023-юм коргарон сандуқи оҳанин (сейф)-ро пайдо карданд. Лекин ба ғайр аз он ин ҷо таҳхонае, ки соли 1991аз назарҳо пинҳон карда буданд, ошкор гардид.
Олга ба гирифтани рухсатнома муяссар гардида, он ҷо фаромад. Ба машомаш бӯи вақти боздоштшуда ва чангу рутубати солҳои зиёд дар як мақом ҷойдошта расид. Дар рафҳо қуттиҳои рангашон парида бо нишони “бойгонии алоқа” қарор доштанд.
Дар яке аз ҳуҷраҳо дафтари навбатчигӣ хеле хуб ҳифз ва қайди охирини он бо дастони генерал Волков навишта шуда буд:
“28 августи соли 1990. Супоридан ба охир расид. Мавод ба суроға расонида шавад. Агар ба алоқа баромада натавонам – шабакаро маҳв намоед.” Ин охирин сухане, ки ҳуҷҷатан сабт гардида буд.
- Додугирифти махфӣ
Хеле баъдтар маълум гардид, ки генерал тавонистааст, қисме аз маводҳоро тариқи шабакаи пӯшида на ба Маскав, балки ба Киев, ки он ҷо дӯсти деринаи ӯ, полковники разведка Михаил Литвин хидмат мекард, фиристад.
Вақте, ки Иттиҳод пош хӯрд, Литвин ба сохтори амнияти давлати соҳибистиқлоли Украина ба кор гузашт. Вай соли 2004 фавтид.
Лекин пас аз маргаш дар сандуқчаи оҳании ӯ – флешкаро бо нусхаи сабти наворҳои кӯҳнаи магнитӣ пайдо карданд.
Дар файлҳо на танҳо нақшаи ҷойгиршавии пайконҳои ядроӣ, инчунин рӯйхати ононе, ки ба харидуфурӯши ғайрирасмии яроқ солҳои охирини мавҷудияти СССР шуғлдошта мавҷуд буданд.
Бархе аз онҳо ба ному насаби соҳибкорон ва сиёсатмадорони муваффақи Русияи имрӯза мувофиқат дошт.
- Ҳамовозии байналмилалӣ
Замоне, ки маводҳои ин қазия ба матбуот роҳ ёфтанд, он аҳамияти байналмилалӣ пайдо кард.
Дар Аврупо ҳамоно таҳқиқи қазия оғоз ёфта, ҷой доштани “амалиёти К-47” дар мамлакатҳои Африқо ва Шарқи Наздик тайи солҳои навадумро собит намуд.
Номи Волков боз садрнишини рӯзномаҳо гардид. Акнун номи ӯ на ҳамчун “генерали ғайбзада”, балки ҳамчун шахсе, ки баҳри пешгирии ихроҷи технологияхои қатли ом аксуламал нишон додааст, ҷилвагар шуд.
Пас аз пешниҳоди далелҳои мӯътамад ташкилоти собиқадорон сафедкунии расмии генерал Волковро талаб кард. Президент фармонро имзо кард. Соли 2024 генерал Волков пас аз маргаш бо ордени “Мардонагӣ” сарфароз гардонида шуд.
Дар маросиме, ки дар толори Кремл баргузор гардид, Олга Климова ҳам иштирок кард. Вай ба саҳна набаромада бошад ҳам, дар қатори одамони сершумор қарор дошт.
Вақте аҳли толор баҳри поси хотираи генерал аз ҷо бархост, Олга зери лаб пичиррос мезад: “Шумо генерал дер бошад ҳам, баргаштед”.
- Шоҳиди махфӣ.
Лекин дар ин қазия боз саволе норӯшан боқӣ мемонд: Кӣ ҳамон вақт қисмате аз ҳуҷҷатҳоро наҷот дод?
Дар наворҳои дар бойгонӣ ёфтшуда суроби одаме, ки шаби ғайбзанӣ аз хонаи Волковҳо ҷузвдонеро мебаровард, дида мешуд. Чеҳрааш пӯшида, лекин дар банди дастонаш навиштаҷоти хидмати санитарӣ мавҷуд буд.
Олга ҷустуҷӯйро оғоз намуд. Тақрибан баъди ним сол вай ба изи фелдшер Николай Салтиков, ки дар қисми ҳарбии на он қадар дур аз манзили Волковҳо хизмат мекард, рӯбарӯ омад.
Вай мӯйсафед шуда, дар хонаи пиронсолони шаҳри Брянск зиндагӣ мекард. Дар оғоз ӯ дар ин бора сухан гуфтан нахоста, аз мулоқот рӯй тофт. Лекин номи генерал Волковро шунида, гирист.
“Ман он шаб навбатчӣ будам, – гуфт ӯ. Ба мо фармон доданд, ки бо “бори сездаҳ” сарукор гирем. Вақте он ҷо ҷасади бачагонро ҳам дидам, боварӣ ҳосил кардам, ки ин на амалиёт, балки одамкушии ваҳшиёна будааст.
Дар бесару сомонӣ ман як ҷузвдонеро гирифта, дар мошин пинҳон кардам. Баъд онро ба алоқачии шиносам супоридам. Ман аз ин бештар коре карда наметавонистам”.
…Николай Салтиков баъди як ҳафтаи сӯҳбат мурд.
- Хотирае, ки маҳв карда намешавад.
Бо ҳар як кашфиёти нав мусаввараи умумии фоҷиаи оилаи Волковҳо пурра мегардид. Дар фарҷом Олга китоберо бо номи “Парвандаи рақами 47. Генерали охирин”-ро навишт.
Ӯ ному насаби одамони то ҳанӯз зиндаро рӯи саҳифа наовард, фақат таърихи фоҷиавии ин оиларо, ки зиндагиашон дар сарҳади ду давраи бо ҳам хело зид рост омад, иншо кард.
Китоб бо теъдоди кам дарҷ шуда бошад ҳам, он ҳодисаи нодир гардид. Дар донишгоҳҳо олимону донишандӯзон аз он иқтибосҳо меоварданд, дар ҷамъомадҳои афсарон аз ватандӯстии генерал ёдовар мешуданд.
Одамон менавиштанд:
“Мо ҳам оиди одамоне, ки он солҳо аз худ изе нагузошта ғайб задаанд, бисёр шунидаем. Чӣ набошад ҳам пас аз марг имрӯз бо гузашти солҳо садои яке аз онҳоро шунидем.”
- Хонае, ки он ҷо вақт абадӣ дар ҳамон соату дақиқа қарор дорад.
Соли 2025 қарор доданд, ки манзили Волковҳоро аз нав эҳё намуда, онро ба осорхонаи хотираи афсароне, ки дар давраи пошхӯрии собиқ Иттиҳод гум шудаанд, табдил диҳанд. Корҳо фасли баҳор оғоз ёфтанд.
Ҳангоме, ки коргарон дар ошёнаи дуюм фарши хонаро кушоданд, дар таҳи тахтаҳо як ғилофаки оҳаниро ёфтанд, ки дар дохил наворе бо қайди “Аня. 25 август” мавҷуд буд.
Дар он овози Аня сабт шуда буд:
“Падарам мегӯяд, ки ба қарибӣ мо ба саёҳати баҳр меравем. Агар рафта натавонем ҳам вай маро бовар мекунонад, ки албатта, ба ман офтобро нишон медиҳад. Ман намефаҳмам ин чӣ маънӣ дорад. Лекин ӯ ба ман гуфт, ки ҳақиқат аз тарсу ҳарос дида, пойдортар боқӣ мемонад”.
- Қарз дар назди хотира
Имрӯз дар осорхона зери ин навиштаҷот суратҳои аҳли оила, сарулибоси ҳарбии генерал ва харитаи “Иншооти Бета”-ро ҷой додаанд.
Тамошобинон ин ҷо на ба хотири дидани саҳнаи моҷаро, балки нисбат ба Ватан -Модар бо кадом баҳо ба даст овардани садоқату вафодорӣ меоянд.
Дар даромадгоҳ китоби таассуротҳо мавҷуд аст. Касе навиштааст: “Бигзор дигар ягон нафар аз афсаронро байни шараф ва ҳаёту мамот қарор надиҳанд”.
- Боби нав
Баҳори соли 2025 журналист Климова бори дигар ба бӯстонсарои “Баландиҳои сабз” омад. Гули сирен шукуфта буд. Аз ҳаво бӯи борон меомад. Вай назди санги мақбара истода, ногаҳон садои бачагони ба саёҳат омадаи корпуси кадетиро шунид. Як бачаҳак аз омӯзгор мепурсид:
“Ин дуруст аст, ки генерал Волков аз мурдан наметарсид?”
Муаллим ҷавоб медод: “Вай аз чизи дигар метарсид: одамон агар фаромӯш кунанд, ки ӯ ба дунё омада, баҳри чӣ зиндагӣ кард”.
Олга табассум кард. Ӯ фаҳмид, ки аз ин пас ӯро ҳеҷ кас фаромӯш нахоҳад кард.
- Тимсол
Қисмати Волков ҳамчун тимсоли одаме, ки дар даврони пошхӯрии мамлакат бо рӯҳи шикастнопазир ва ба савганд содиқу устувор боқӣ монд.
Олимон ин ҷасорати ӯро намунаи олии ибрат дар ҳолатҳои фавқулодда вазнин арзёбӣ мекунанд.
Муаррихон бар ин назаранд, ки боз чӣ миқдор ин гуна ҳодисот дар бойгониҳо маҳфуз ва дастнорасанд.
Ба одамони қаторӣ ин таърих бозгӯй аз он аст, ки ҳақиқат метавонад сӣ сол зери хоби гарон бошад, лекин як рӯз не як рӯзи дигар, албатта, бедор мешавад.
- Номаи охирин
Як ҳафта то анҷоми корҳои сохтмони осорхона, тариқи почта лифофае бе нишон додани суроғаи тарафи муқобил ворид шуд.
Дар дохили он варақи бо мурури вақт зардшуда мехобид.
“Агар ин номаро касе хонад, чунин меҳисобам, ки вазифаамро иҷро кардаам. Мо гум нашудаем, мо интизор будем, ки вақти мо ҳам фаро расида, ҳақиқат ошкор мегардад. Ба одамон бигӯед, ки шаъну шараф аз зиндагӣ дида муқаддамтар аст. А.С.В.”
Экспертиза тасдиқ кард, ки мактуб бо дастони Волков навишта шудааст.
- Рӯшноӣ
Акнун ҳар санаи 28 август дар манзили Волковҳо шамъ гирон мекунанд. Собиқадорон ин санаро “шаби хотира” ном мебаранд.
Дар ин шом суханони баландпарвоз намегӯянд. Ҳамту дар пешайвон чуноне, ки як вақтҳо генерал мекард, нишаста ба осмони ситоразор дида медӯзанд.
Климова дар дафтари ёддоштҳо навишта буд:
“Баъзан ба назарам чунин менамояд, ки онҳо ҳоло ҳам гӯё дар паҳлӯямон ҳастанд.
Мумкин дар дуриҳои дур, бо ченаки вақти дигар, генерал духтарчаашро аз даст гирифта, бо пайроҳаи боғча равон аст ва завҷааш ба онҳо бо меҳр табассум мекунад.
Ва дар ин қисса ҳамаи он чизе, ки зери асрори зулмот ғарқ буд, ба рӯшноӣ табдил меёбад”.
Охирсухан
Ӯ ғайб зад, то ин ки бо мо бимонад. Ӯ хомӯш монд, то ин, ки ҳақиқат сухан гӯяд. Ӯ мурд, то ин, ки хотирааш зинда монад.
Аз Инет 12.10.2025, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов
qalamonline.net
Қаламонлайн













