Сафорати Эрон дар Сурия: “Дар байни шуҳадо ва маҷрӯҳон ҳеч шаҳрванди эронӣ вуҷуд надорад”
Байналмилал
Сафорати Эрон дар Димишқ дар эъломе дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х навиштааст:
“Бори дигар, душмани исроилӣ дар ҷараёни бомбборони ноҷавонмардонаи мушакии сохтмоне дар қалби Димишқ, ҷинояти дигареро муртакиб шуд ва занону кӯдакони бегуноҳро ба шаҳодат расонд.
Сафорати Эрон зимни маҳкум кардани ин бомбгузории теруристӣ, эълом медорад, ки дар байни шуҳадо ва маҷрӯҳон ҳеч шаҳрванди эронӣ вуҷуд надорад ва аз Худованд барои шуҳадо раҳмату мағфират ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил хоҳонем.”
(x.com/IranembassyDam)
Қаламонлайн