Саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон беш аз буҷаи солона аст

Муҳоҷират

Саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон беш аз буҷаи солона аст

Назари коршинос

Як коршиноси тоҷик дар мавриди саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон гуфт, бюҷети давлатии кишвар ҳудуди се миллиард доллар дар солро ташкил медиҳад ва маблағе, ки дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон ба кишвар ворид мекунанд беш аз панҷ миллиард доллар мебошад.

Бо ин ҳисоб, тавре ки мушоҳида мешавад, ба ҷои он ки давлат сарпарасти мардум бошад, мардум ва махсусан муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки тамоми буҷаи кишварро таъмин мекунанд.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, агар табаддулот ё ислоҳоти давлатӣ рух диҳад, буҷаи кишвар то даҳ миллиард доллар метавонад афзоиш ёбад. Яъне солона беш аз даҳ миллиард доллар маблағ вориди иқтисоди кишвар мешавад.

Ин коршинос мегӯяд, пул ва имконот дар кишвар мавҷуд аст, аммо давлат ва махсусан раиси ҷумҳур ва наздикони эшон на танҳо муассисоти давлатӣ, балки тиҷорат, бозор ва соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, иқтисоди кишварро ба муҳосираи худ даровардаанд.

Ба гуфтаи ин коршинос, президент дар масъулиятҳои калидӣ афродеро ба кор гумоштааст, ки онҳо фикр мекунанд, бидуни Раҳмон кишвар, аз назари иқтисодӣ ва пешрафт, ба ҷое нахоҳад расид.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Талоши Амрико барои нуфузи бештар дар Осиёи Миёна
Нақши ҳукуматҳо дар ҳидоят ва гумроҳии мардум

Матолиби пурбоздид