Се моҳвораи эронӣ аз пойгоҳи “Восточный”-и Русия ба фазо партоб шуданд
Ҷаҳони Ислом
Имрӯз, якшанбе, се моҳвораи эронӣ бо номҳои «Зафар-2», «Поё» ва «Кавсар» аз пойгоҳи кайҳонии «Восточный» дар қаламрави Русия бо муваффақият ба фазо партоб гардиданд.
Ба иттилои манобеи расмӣ, партоб тибқи барнома анҷом шуда, ҳар се моҳвора бомуваффақият дар мадори пешбинишудаи худ қарор гирифтаанд.
Ин иқдом дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои кайҳонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки моҳвораҳои мазкур дорои вазифаҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва назоратӣ буда, барои рушди фанновариҳои кайҳонӣ ва тақвияти иқтидори техникии Эрон аҳамияти муҳим доранд.
Қаламонлайн
qalamonline.net













