“Сиёсат касиф аст”

Таҳлили хабарӣ

“Сиёсат касиф аст”

Ёдошти Меҳмоншо Шарифзода

Аз “сиёсат ифлос аст” то коҳиши сиёсат ба сатҳи пучӣ (ad absurdum)

…Имрӯз, дар ин сарзамин байни гуфтанҳо, нутқҳо, асарҳо, паёмҳо, шиорҳо, суратҳо, намоишҳо ва ҷашнҳо он чи фаромуш шуда ва ё гумшуда ин сиёсат аст. Мардуме, ки садсолаҳо боз, ҳастии худ ва воқеияти худро он чунон ки бояд рӯ ба рӯ нашудаанд ва аз ин рӯ фикри бунёди надоранд, ва зери султаи дигарон ва ҳақиқату озодии овардаи дигарон зистаанд, “сиёсат воқеан чист?” ва “барои чист?”-ро фаромӯш кардаанд. Ҳолати имрӯзаи мо аз мағзи бо истеъмор одат карда ва бо роҳу равиш ва идеологияи дигарон тарбият ёфтани мо дарак медиҳад, ки дар пои худ истодан ва роҳ рафтанро ҳанӯз ёд нагирифтаем. Ҳамин аст ки ин мардум аз сиёсат, ки ба истилоҳи файласуфи шинохтаи фаронсавӣ Фуко, наздиктарин ва муҳимтарин чиз ба ҳастии инсон аст, ки ҷавҳари ҳаётӣ мо аз амалҳои сиёсии дар ҷомеа буда шакл мегирад, бегона шудаанд. Маризиест, ки ба хусус мардуми бо ном зиёӣ ба он гирифторанд ва ин дар навбати худ боиси маризии ба ном давлатмардон ё он буржуазияи камақл ва музофотии имрӯзаи тоҷик гардидааст…

Чиро зиёӣ? Зеро навиштану гуфтан ё истеҳсоли донишу илм ва идеологияи ба мақомот мувофиқ ва дур аз ҳастӣ ва воқеият, ки дар ин ҷомеа авлавият дорад ба гардани ин гурӯҳ, яъне зиёии имрӯзаи Тоҷик аст. Ва ба ин масъала ҳам, ки озодӣ ва халлоқияти як инсони эҷодкор ин маъалаи бунёдии сиёсат аст диққат намедиҳанд ва бо низоми мавҷудаи ашё одат кардаанд. Яъне эҷод ва халлоқияти ин мардум дар он сатҳ маҳдуд шуда, ки ба истилоҳи худи онҳо “зиндагии худро ёфта бошанд”. …

Албатта, он чи дар бораи сиёсат тарҷума кардаанд, навиштаанд, мегӯянд ва дар донишгоҳҳо аз фанҳои зиёди ба сиёсат рабтдошта дарс медиҳанд масъала ва мушкили ин гуфтумон нест, зеро ҳар як гуфтумон матн ё қаринаи худро дорад. Ин гуфтумон реша дар вазъи имрузаи кишвар дорад, ки амали давлатмардони вақт ба вуҷуд оварда аст ва он зери ҳарфҳои сиёсӣ пинҳон аст вале ҳанӯз сиёсат нест. Ин амалҳоро ҳар чиз метавон гуфт ба ҷуз сиёсат, зеро ин амалҳо ба сӯи як ҳолати номуаяни ё торикӣ роҳ доранд…Масалан Шӯравии собиқ бо ин ки ниҳодҳо, донишгоҳҳо шуъбаҳо ва олимону асарҳо, пешвоҳо, нотиқҳо ва идеологияи мустаҳками сиёсӣ дошт аз байн рафт ва он ҳама дар варақҳо монд. Шӯравӣ бо сиёсате, ки дошт аз байн рафт ё дурусттараш он сиёсат, ки пеш мебурд аз байнаш бурд. Мардуми огоҳ медонанд, ки воқеияти Шӯравии собиқ дар солҳои 70 – ум ва 80 – ум аслан зери пардаи ғафси дурӯғи нутқҳо, паёмҳо ва ҳисоботҳо монда буд ва гуфти ҳунарманд Макаревич “То миёнаи солҳои 80 ум, ягон кас ин фикрро намекард, ки дар ин мамлакат ягон дигаргуние рӯй медода бошад. На кӯдакон ва на ҷавонон. Чунин таассуроте ҳукумрон буд,ки ҳама чиз барои ҳамешаги вуҷуд дорад.” Яъне зери пардаи пиндор мардум он вазъият ва он шароити шаклгирифтаро, ки ин имперотурии бузургро аз байн бурданд дидан натавонистанд. Ин ҳолатро файласуфи Шӯравӣ Межуев чунин тавсиф карда, ки “воқеият аз матн ва аз зерматни нутқҳо ронда шуда буд. Калимаҳо умуман он маъниро ки мардум мехост гуфтан намедоданд…”.

Ин ҳолатест ки имрӯз дар мо ҳанӯз ҳам давом дорад ва то ҷое он мероси Шӯравӣ ҳам ҳаст. Зеро дар ин матн ё қарина як чизро фикр кардан, дигар чизро гуфтан, вале кори дигарро анҷом додан, одат шудааст. Гӯё сахт заранганд, вале мутассифона бештари мардум ба маризии шизофрениё гирифторанд, ақлашон як сӯ ва ҳиссашон дигар сӯ мондааст ва ин падидаест дар ин қарина (матн) ки ба як таҳқиқоти мустақил ниёз дорад. Ба хусус садсолаҳои ҳастии сиёсии воқеи надоштан ин мардумро аз кардан ё амали сиёсӣ дур карда ва танҳо дар сатҳи навиштан ва гуфтан мондаанд. Ин аст, ки масъала ва мушкилии сиёсатро дар Тоҷикистон наметавон дар китобматнҳои зиёд пайдо кард, хоса дар китобҳое, ки аз таҳлили – танқидӣ дур мондаанд ва онро дар воқеият ва инчунин дар дониш ва таҷрибаи дар ҳошия мондаи ин мардум бояд ҷуст. Хуллас, чи гунае ки ба қавли маъруф мегӯянд “ҳикмат гумшудаи мумин аст” ин ҷо метавон гуфт, ки ‘сиёсат ин гумшудаи тоҷик” аст…

Он чи мо имрӯз дар ин қарина рӯ ба рӯем сиёсат нест ва ҳатто идора кардан ва назорати солим нест, ки тавонанд пеши роҳи сиёсати ‘рӯ ба раҳми худоро’ ба сиёсати давлатӣ иваз карда бошанд. Аз се технологияҳои муҳими ҷомеа – технологияи истеҳсол, технологияи сохтмони субъект ё ба истилоҳи Фуко технологияи худӣ ва технологияи ҳукумрони кардан дар ҷомеаи мо аслан ҳамин сеюмаш фаъолтар аст, ки он ҳам сахт фасодзада аст. Иқтисоди хуробшуда ва пароканда, набудани истеҳсол ва саноати зарурӣ, набудани ҳукумронии қонун, ҳазорҳо мардуми муҳоҷир дар мамлакатҳои бегона, бекории зиёд дар дохил ва фасоди ба система табдил ёфта, ки ҳама кас ва ҳама чизро ба низоми худ дароварда, шикасти фардият ва ба омма табдил табдил ёфтани қишри огоҳи ҷомеа сабабҳои калидие ҳастанд, ки бо будани онҳо метавонем эътироф кардан, ки дар ин мамлакат сиёсат нест ва ё фаҳмиши хароби он амал мекунад. …

Ин аст, ки мардум ҳаёти худро дар дигар кишварҳо мехоҳанд ниҳодина кардан. Дар иерархия ё зинаи забонҳо нисбат ба забони Тоҷикӣ зиёдтар ба ба забонҳои хориҷӣ, масалан инглисӣ, олмонӣ ё русӣ афзалият додани мардум худ нишонаи равшани набудани ташкили ҳаёти мардум дар ин қарина аст. Мардум дар ин қарина имкони фазосозӣ надоранд, наметавонанд зиндагии худро он чунон ки бояд ташкил кардан, зеро асли сиёсат ин ташкил кардани шароит барои ҳаёти мардум аст ё ба истилоҳи Агамбен ҳаёти лучи мардумро бо ягон шакли солими ҳаёти пӯшонидан аст, ки сиёсатмардон аз ӯҳдаи ин кор намебароянд. Гузашта аз ин ҳаёти сифатан беҳтари мардум, ки инсоният таърихан исбот карда, ки болотар аз ҳаёти ҷангал аст ин будани фазои сиёсист ва ин гуна фазо дар Тоҷикистон байни шиорҳо, асарҳо, назарияҳо, паёмҳо ва нутқҳо гум шудааст ё аниқтараш дар фасод ғарқ аст, ки бо пардаи ғафси идеологӣ пӯшонида шуда…

Ин пеш аз ҳама номуваффақии фарҳангист на чизи дигар. Зеро мардуме, ки дар “маркази фалсафаи сиёсии тасмимгир” дар фазои сиёсии Тоҷикистон амал мекунанд зарфият, қобилият ва имконияти шинохти вазъияти фарҳанги ва сиёсии вақти Тоҷикистонро надоранд. Зеро барои оғози ҳар гуна амалҳои созанда ё сиёсат ташхис ва дарки ин вазъият зарур аст. Ҳамин номуваффақӣ дар фарҳанг ё пастии фарҳанг аст, ки мақомот мушкилиҳои иҷтимоии мардумро нодида мегиранд ва аз ҳалли онҳо гурезонанд ва сиёсатро ва фаҳмиши сиёсатро то ба сатҳи пучӣ расонидаанд…

Эътироф накардани мухолифони сиёсӣ, ташкили бархӯрд байни арзишҳои динӣ ва миллии мардум ва байни фарҳангу таърих, танқиду таҳлили мушкилии ҷомеаро хатар ба амнияти мамлакат ҳисобидан ва муаллифонро душманони давлату миллат шинохтан, идора кардани ҷашну маросимҳои мардум то ба сатҳи дегҳои мардум ва дигар корҳо худ намунаи коҳиш додани сиёсат то ба сатҳи пучист. Ба хусус ин гуна сиёсатро зери шиори ‘баланд бардоштани зиракии сиёсии мардум’ дар ҳуҷумҳои бемаврид ба фарҳанги исломии мардум дидан мумкин аст, ки дар ин раванд онҳоро, яъне субъектҳои сиёсии давлатро ба як мавҷуди беиродаи фикр накунанда, дур аз шинохт, бетараф нисбат ба мушкилиҳои ҷомеаи худ ва ҷаҳон, заиф ва беқудрат дар баробари фасод ва беадолатӣ доранд “тарбият” мекунанд. Дар ин раванд ду пояи аслии сиёсат, ки яке будани ахлоқ аст ва дигаре шинохти душмани аслии давлат, заиф карда мешаванд…

Меҳмоншо Шарифзода

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зарурати китобхонӣ ва мутолиа барои кӯдакон
Луқмони Ҳаким ва корвониён

Матолиби пурбоздид