Сиёсат руспӣ нест

Сиёсат руспӣ нест

Дарсҳои сиёсатшиносӣ

Луқмон Бойматов

Аҷаб рӯзгори хуношоме сохтаем. Ангор ки хуни ҷории шаҳидoн арзише надорад. Рӯзи мотами меҳан ҷашни шодмонӣ шудааст.

Кош медонистем, ки давлатмадор шудан бамаротиб осонтар аз инсон шудан аст. Бачаҳои мурдаи хешро хӯрдани дарандае табиитар аз лабханди масъулини риёкорест, ки дар рӯзҳои шаҳодати фарзандони шаҳиди меҳан аз худ буруз мекунанд.

Ва аммо ба ғалат гӯянд, ки сиёсат фоҳишаест ва падару модар нашносад. Дидаҳои хирад бояд гушуд, ки сиёсат худ ба худ руспӣ нест, балки касе, ки онро фоҳиша мекунад, худ сиёсатмадор аст. Тавре бояд сиёсӣ шуд, ки сиёсат падар ва модар бишносад!

Инсони огоҳу озод ҳаргиз бетафовут ба сиёсат нест, зеро ки ӯ медонад сиёсат меъмори фазои иҷтимоии зиндагиаш аст. Аз сиёсат дурӣ маҷӯед, ки дурӣ ҷустан аз он боиси кӯрии чашмони саодатон мешавад!

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зангҳои ойинаи фазл
Ду ҳикмат

Матолиби пурбоздид