Соате барои худ
Соате барои андеша дар бораи худ
“Бузургон ҳамеша тавсия мекунанд: ҳар миқдор кор зиёд дорӣ, дар шабонарӯз як соатро барои худат бигузор. Мумкин аст шумо бигӯед, ман ҳеч соатам барои худам нест, тамоми вақтам барои хидмат ба мардум аст. На, агар тамоми соатҳои инсон ҳам вақфи хидмат ба халқи Худо бошад, дар айни ҳол инсон бениёз аз ин ки як соатро барои худаш бигузорад нест. Ин як соат бо ин ки барои худ аст, зарурат дорад ва лозим аст ва он соатҳое, ки барои ғайри худ аст, бо ин ки муфид ва лозим аст, ҷойи онро пур намекунад. Ҳоло як соат, ки мегӯянд, ҳадди ақал аст. Як соат ё бештар дар шабонарӯзро инсон воқеан барои худаш бигузорад, яъне дар он лаҳазот баргардад ба худаш, худашро ҳар чи ҳаст аз хориҷ бибарад ба даруни худаш ва ба Худои худаш бозгардад ва дар он ҳол фақат ва фақат ӯ бошад ва Худои худаш ва розу ниёз кардан ва муноҷот бо Худои худаш ва истиғфор кардан. Худи истиғфор яъне муҳосибаи нафс кардан, ҳисоб кашидан аз худ. Ҳисоб кунад дар зарфи ин 24 соат ман чӣ кардам? Фавран барои ӯ равшан мешавад, ки фалон корам хуб буд, Худоро шукр мекунад. Фалон корро хуб буд намекардам, тасмим мегирад дигар накунад ва истиғфор мекунад…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Таълиму тарбият дар ислом)
Қаламонлайн