Судури қатъномаи Шӯрои амнияти СММ бо фишори Амрико алайҳи Ансоруллоҳи Яман
Ахбори байналмилал
Mehrnews
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи пешниҳодии Омрико дар бора Яманро бо 11 раъйи мувофиқ ва бо раъйи мумтанеъи кишварҳои Чин, Русия, Алҷазоир ва Музомбик тасвиб кард.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки шомгоҳи чаҳоршанбе (10 январ) ба вақти маҳаллӣ баргузор шуд, қатъномаи пешниҳодии Вошингтун бо шумораи 2722 бо 11 раъйи мувофиқи 15 узви Шӯрои амният алайҳи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар бораи ҳамлаҳо дар баҳри Сурх тасвиб шуд.
Шӯрои амнияти СММ қатъномаи пешниҳодии Омрико дар бораи таҳдидоти дарёии Яманро бо 11 раъйи мувофиқ ва раъйи мумтанеъи Чин, Русия, Алҷазоир ва Музомбик тасвиб кард.
Дар қатъномаи Шӯрои амният, ки бо фишори Омрико тасвиб шуд, аз ҷунбиши Ансоруллоҳ хоста шуда, ки фавран ба он чи ки муддаии “ҳамлаҳое, ки осебрасонанди тиҷорати ҷаҳонӣ ва осебзананда ба қавонин ва ҳуқуқи киштиронӣ ва таҳдидкунандаи сулҳ ва амнияти минтақа” аст, поён диҳад.
Шӯрои амният ҳамчунин бо тасвиби ин қатънома, ки бо фишори Омрико ва муттаҳидонаш сурат гирифт, хостори озодии бе қайду шарти киштии Galaxy Leader ва хадамаи он аз сӯйи Санъо шуд.
Пештар, намояндаи Русия дар СММ эълом карда буд, ки Омрико аз тариқи ин қатънома ба дунболи қонунӣ ҷилва додани иқдомоти эътилофи дарёии худ дар баҳри Сурх аст.
Намоянда Русия ҳамчунин қатъномаи Шӯрои амниятро сиёсӣ хонд ва эълом кард, ки куштори Ғазза бояд мутаваққиф шавад, зеро ин омили аслии вазъияти кунунӣ дар баҳри Сурх аст.
Дар ҳамин иртибот, намояндаи Чин низ дар Шӯрои амният эълом кард: “Мутаассифем, ки қатъномаи Шӯрои амният дар мавриди яманиҳо, шомили оташбас дар Ғазза намешавад.”
Вай афзуд: “Он чи баҳри Сурх шоҳиди он аст, бозтоби хориҷии даргирӣ дар Ғазза аст ва мо хоҳони таваққуфи иқдомоти хасмона дар Ғазза шудем.”
Вокуниши Ансоруллоҳ
Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи расмии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, дар вокуниш ба тасвиби ин қатънома эълом кард: “Қатъномаи Шӯрои амният дар бораи амнияти киштиронӣ дар баҳри Сурх, як бозии сиёсӣ аст ва ин Омрикост, ки ноқизи қонун аст.”
Вай дар паёме ба Шӯрои амният, бо ишора ба иттиҳомзаниҳои Омрико зидди Яман тасреҳ кард, ки мо аз Шӯрои амният мехоҳем, ки 2 миллиону 300 инсонро аз муҳосараи Исроил ва Омрико, ки ба силоҳи маргбор табдил шуда ва Ғазза ба бузургтарин зиндон мубаддал шуда, ки дар он муҷозотҳои ҷамъӣ эъмол мешавад, ҳар чи сареътар озод кунад.
Mehrnews
Қаламонлайн