Суис: Нишасти Эрон ва Амрико ҳафтаи ҷорӣ баргузор мешавад

Суис: Нишасти Эрон ва Амрико ҳафтаи ҷорӣ баргузор мешавад

Ахбори байналмилал

Мақомоти Суис аз баргузории нишасти миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳафтаи ҷорӣ хабар доданд.

Ин дар ҳолест, ки то кунун мақомоти расмии Эрон ва Амрико дар бораи замон, сатҳ ва ҷузъиёти нишасти эҳтимолӣ изҳороти расмӣ ироа накардаанд.

Бо вуҷуди ин, эълони ҷониби Суис таваҷҷуҳи густардаи расонаҳо ва коршиносони сиёсиро ба худ ҷалб намудааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ин нишаст метавонад дар чаҳорчӯби талошҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо ва баррасии масъалаҳои мавриди ихтилоф миёни ду кишвар баргузор шавад. Суис дар даҳсолаҳои ахир борҳо мизбони гуфтугӯҳои ҳассоси байналмилалӣ будааст.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Политико: Эътимод ба Тромп душвор аст
Зеленский: Вашингтон ақибнишинӣ аз Донбассро шарти сулҳ медонад

Матолиби пурбоздид