Суфориши бахил

Фарҳанг

Суфориши бахил

Мактаби инсоният

Бахиле суфориши сохти кӯза ва косаеро ба кӯзагар дод.

Кӯзагар пурсид: Бар кӯзаат чӣ нависам?

Бахил гуфт: Бинавис: “Фа ман шариба минҳу фа лайса миннӣ”.

(Иқтибос аз Қуръон) Яъне, ҳар кас аз он об бинӯшад, аз ман нест. (Бақара, 249)

Боз кӯзагар пурсид: Бар косаат чӣ нависам?

Бахил гуфт: Бинавис: “Ва ман лам ятъамҳу фа иннаҳу миннӣ”. Яъне, ҳар кас аз он нахӯрад, аз ман аст. (Бақара, 249)

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бузургтарин неъмати илоҳӣ
Ғафлати дилҳо

Матолиби пурбоздид