Сӯфӣ кист?

Таърих

Сӯфӣ кист?

Ёде аз марҳум Эшони Тӯраҷон (р)

Ёддошти Сайидюнус Истравшанӣ

Матлаберо мехоҳам арз кунам ҷиҳати рафъи як суитафоҳум дар робита бо ирфон ва тасаввуф ва ҳамзамон ёде ҳам карда бошем аз марҳуми Эшони Тӯраҷон (р).

Ва он ин ки: вақте сухан аз ирфон ва тасаввуф ва урафо ва сӯфиҳо ба миён меояд, ҳаргиз манзур тамоми касоне, ки худро сӯфӣ мешуморанд ва иддао доранд намояндаи тасаввуф ҳастанд нест. Суитафоҳум пеш наояд. Балки мурод, асли ирфон ва тасаввуф аст, мурод сӯфиҳо ва урафои ҳақиқӣ ҳастанд.

Вагарна, ҳам имрӯз ва ҳам дар гузашта, андак набуда ва нестанд касоне, ки бӯйе аз ирфон ва тасаввуф ба машом набурда, вале иддаои онро карда ва мекунанд. Касоне, ки мебоист аз зоҳир бипарҳезанд, аммо худашон зоҳирпараст ва зоҳиргаро шудаанд. Тасаввуфро дар як саре аъмоли зоҳирӣ маҳдуду маҳсур кардаанд, аз қабили анҷоми маросиме хосс ва рақсу пойкӯбӣ ва ин ҷур чизҳо. Дӯконе аз тасаввуф барои худ дуруст кардаанд, ки дар воқеъ, барояшон мояи иртизоқ шуда. Ин, тасаввуф нест.

Сӯфии софӣ ва ҳақиқӣ ва муршиди барҳақ касе аст, ки танҳо як нигоҳ ба вай, инсонро мутаҳаввил ва зеру рӯ бикунад, дар руҳу равони ӯ тағйиру таҳаввул эҷод кунад. Намегӯям, ки имрӯз инчунин урафое нестанд, ҳатман ҳастанд дар гӯшаву канори дунё, вале ғолибан ношинохта ҳастанд, онҳо дӯст надоранд сару садо дошта бошанд.

Дар кишвари худамон масалан, марҳуми Эшони Тӯраҷон (Раҳмати Худо бар ӯ бод!) бетардид аз инчунин шахсиятҳо буд, як ориф ва як сӯфии ҳақиқӣ; касе, ки танҳо нигоҳ ва тамошо ба чеҳраи нуронӣ ва мунаввараш, бидуни он ки чизе бигӯяд, кофӣ буд дар инсон тағйиру таҳаввули руҳӣ эҷод кунад.

Ёдам ҳаст, солҳои 96 ё 97, замоне ки барои таътилоти тобистонӣ ба Тоҷикистон омада будам, яке аз ақрабо ва наздиконам исрор кард, ки барои ӯ як “пире”-ро муаррифӣ кунам ва ӯ ба вай даст бидиҳад ва ба истилоҳ бе пир аз дунё наравад. Ба ӯ гуфтам, ман, ки аслан дар ин водиҳо нестам, то барояш касеро ба унвони пир муаррифӣ кунам. Аммо исрори зиёд кард. Чорае надоштам ҷуз ин ки барояш коре бикунам. Зеро аслан велкун набуд.

Ҳамон вақт, танҳо чизе, ки ба зеҳнам омад, Эшони Тӯраҷон (р) буд. Он замон ҳазрати Эшон дар як рустое дар Қазоқистон, дар марз миёни Ӯзбакистон ва ин кишвар сокин буданд. Як рӯз қарор гузоштем, ҳамроҳи он хешамон ба ин русто биравем ва орзуи ӯ бароварда шавад.

Билохира, қиблагоҳ (падари марҳумам) ва амуям ба иттифоқи он хешамон рафтем ба он русто. Аз шаҳрамон (Истаравшан) ҳам чандон дур нест ин русто, ҳудуди 80 ё 90 километр аст. Марзҳо ҳам баста набуд он замон, роҳат метавонистед сафар кунед ба ҳар ҷойе аз Ӯзбакистон ё Қазоқистон.

Хуб, омадем ва марҳуми Эшони Тӯраҷон (р) хушбахтона ташриф доштанд дар манзил. Агар ёдам нарафта бошад, Мулло Аббос (ки мулозими ҳамешагии марҳуми Эшон буд) ва низ Эшони Маҳмудҷон ҳам ташриф доштанд он рӯз. Худо раҳмат кунад Эшони Тӯраҷонро, бисёр одами нуронӣ ва мунавваре буд. Касоне, ки аз наздик ӯро дидаанд, медонанд чӣ мегӯям.

Хуб, пас аз аҳволпурсӣ ва каме гапу гуфтугӯ, қазияро ба ҳазрати Эшон матраҳ ва сабаби зиёратро ҳам ташреҳ кардам. Ҳол, ҷолибаш ин ҷо буд. Ин ҷоҳост, ки одам агар бихоҳад ориф ва сӯфии ҳақиқиро бишносад, мешиносад. Ҳазрати Эшон вақте он шахс иршод хост, яъне хост тавсияе бикунанд, то вай ба истилоҳ бе пир аз дунё наравад, фармуданд, оё намозҳоятро дар вақташ мехонӣ? Гуфт: бале, қатъан. Пурсиданд: усули динатро ва аҳкоми зарурии динатро медонӣ? Гуфт: бале, савод ҳам каму беш дорам. Фармуданд: агар усули динатро хуб шинохта бошӣ ва ба аҳкоми динат нек амал кунӣ ва гуноҳ аз ту сар назанад ва ҳамеша мувозиби рафторат бошӣ ва Қуръон бихонӣ, агар ҳаминҳоро риоят кардӣ, хуб, ин худаш як оламе кор аст. Феълан, ба ҳаминҳо пойбанд бош ва хуб анҷом бидеҳ, кофист!

Ин аст он чи як сӯфӣ ва як орифи комил дар қадами аввал ба мурид тавсия мекунад. Яъне, усули динатро аввал хуб бишнос ва аҳкоми диниатро хуб анҷом бидеҳ!

Худо раҳмат кунад ҳазрати Эшонро! Дар замоне ҳам, ки барои муолиҷа ба Теҳрон ташриф оварда буданд, хидмати эшон ҳамроҳи устодам расида будам, дар манзили Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. Воқеан инсоне вораста ва комиле буданд ҳазрати Эшон. Бемор ҳам, ки буданд ва тоза аз ҷарроҳӣ берун омада буданд, бо ин ҳама, дар ҳамон дидор, фармуданд, набояд вақташон беҳуда ҳадар равад, аз ин рӯ хостанд, барояшон китоби “Фатовои Ҳиндия”-ро таҳия кунем, то фурсатро ғанимат бидонанд ва ба мутолеаи он бипардозанд. Ва ҳамин корро ҳам барои эшон анҷом додем.

Худованд раҳматашон кунад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

istaravshani.com

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шамхонӣ: Посухи Эрон ба таҳрими Урупо фаврӣ аст
Сипоҳи Посдорони Эрон: Ҳамлаи низомӣ маҳкум ба шикаст аст

Матолиби пурбоздид