Талафоти Исроил дар як шаб

Талафоти Исроил дар як шаб

Ахбори байналмилал

Arabi21

Талафоти режими саҳюнистӣ фақат дар як шаб аз забони як саҳюнист

Як хохоми саҳюнист бо ифшогарӣ дар бораи талафоти режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамлаи заминӣ ба Ғазза, ба нақл аз яке аз низомиён эълом кард, ки фақат дар як шаб, се тонки зиреҳӣ аз навъи “Бабр” мунҳадим шуд ва 36 низомии саҳюнистӣ ҳам ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши Arabi21, талафоти режими саҳюнистӣ дар таҷовузи ваҳшиёна ба навори Ғазза, пеш аз иҷроӣ шудани оташбас зиёд шуд.

Як хохоми яҳудӣ ба номи Борух Розенбаум, дар изҳороте, ба талафоти густардаи режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи заминӣ ба Ғазза эътироф кард.

Вай ба нақл аз як низомии саҳюнист мегӯяд, ки фақат дар як шаб, се тонки зиреҳӣ аз навъи “Бабр” дар Ғазза мунҳадим шуд ва 36 низомии саҳюнист ба ҳалокат расиданд.

Ин низомӣ ба хохом гуфта, ки саҳюнистҳо дар ҳамлаи заминӣ ба Ғазза, талафоти зиёде доданд ва нерӯҳои муқовамат бо рокетҳои зиддизиреҳӣ фақат дар як шаб, се тонкро мунҳадим карданд.

Хохоми саҳюнист меафзояд, ки як низомии аршади саҳюнист, ки шогирди вай аст, ин ҷузъиётро ба ӯ гуфтааст.

Пеш аз ин Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом дар изҳороте гуфт, ки нерӯҳои муқовамат тавонистанд 335 тонки низомии саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамлаи заминӣ ба навори Ғаззаро мунҳадим кунанд.

Оташибаси чаҳоррӯза байни режими саҳюнистӣ ва ҷунбиши муқовамати Ҳамос дар навори Ғазза аз соати 7 субҳи ҷумъа оғоз шуда ва то кунун 2 марҳила аз мубодалаи асирон анҷом шудааст.

Arabi21

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Изҳороти сенатори австралиёӣ дар мавриди Фаластин
Муҳаммадҳусайни Ланданӣ ва китоби “Қавонини забони форсӣ”

Матолиби пурбоздид