Талошҳои Исроил барои ҷилавгирӣ аз тавофуқи Эрон ва Амрико
Ахбори байналмилал
Алҷазира: Исроил талошҳои густарда барои ҷилавгирӣ аз тавофуқи Амрико ва Эрон анҷом медиҳад
Шабакаи хабарии «Алҷазира» ба нақл аз Шабакаи 12-и телевизиони Исроил гузориш дод, ки мақомоти исроилӣ талошҳои густарда ва ҳамаҷонибаеро барои ҷилавгирӣ аз расидан ба ҳар гуна тавофуқ миёни Амрико ва Эрон оғоз кардаанд.
Бар асоси ин гузориш, Телавив аз роҳҳои гуногуни сиёсӣ ва дипломатӣ мекӯшад Вашингтонро аз идомаи музокирот бо Теҳрон боздорад ва онро ба сахтгирии бештар дар баробари барномаи ҳастаии Эрон ташвиқ намояд. Манобеи исроилӣ иддао кардаанд, ки ҳар гуна созиш бо Эрон метавонад ба амнияти минтақа ва манофеи Исроил осеб ворид кунад.
Гузориш меафзояд, ки Исроил дар рӯзҳои ахир тамосҳои наздике бо мақомоти баландпояи амрикоӣ дошта ва нигарониҳои худро дар бораи паёмадҳои эҳтимолии тавофуқ баён кардааст.
Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ин талошҳо ҳам дар сатҳи расонаӣ ва ҳам дар сатҳи дипломатӣ идома доранд.
Ин дар ҳолест, ки давраи ҷадиди гуфтугӯҳо миёни Амрико ва Эрон бо миёнҷигарии кишварҳои дигар, дар бораи масъалаҳои ҳастаӣ ва таҳримҳо ҳамчунон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад ва вокунишҳои мухталифи минтақаиро дарбар доштааст.
Қаламонлайн
qalamonline.net













