Таммулоте дар бораи Ғазза

Таҳлили хабарӣ

Таммулоте дар бораи Ғазза

Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ

Ғазза, бо вуҷуди кучакиаш аз назари ҷуғрофиёӣ, ки ҳатто бо чашмони ғайримусаллаҳ дидани он дар нақша (харита) имкопазир нест, аммо ин сарзамини кучак бо мардумони бузург ва сарбаландаш, дар ҳоли тағйир додан ва дигаргун сохтани дунё ҳастанд.

Муқовимати беназири мардуми Фаластин бо силоҳҳои бисёр содда, дар баробари яке аз қавитарин артишҳои ҷаҳон яъне артиши кӯдаккуши “Исроил”, на танҳо мардумони дунёро, ки кишварҳои абарқудратро низ тағйир медиҳад. Дирӯз дар Ангилис ва имрӯз дар Фаронса касоне сари кор омаданд, ки хоҳони таваққуфи фаврии ҷанг ва ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ҳастанд. Бо ин ки ин кор ба ҳамин зудиҳо иттифоқ намеафтад, аммо бориқаи умед аст.

Хулоса, дунё дар ҳоли тағйиру таҳаввул аст, албатта ба ҷуз режими ҳоким дар Тоҷикистон ва бо камоли таъассуф, опозисиони он – ки банда ҷузъе аз он ҳастам – ки то ҳанӯз раҳбаронаш ҳарфе аз мазлумияти фаластиниҳо ба забон ҷорӣ насохтаанд, ба ҷуз Додоҷон Атовуллоев, ки ҳафтае нест ёддоште дар бораи мазлумияти Фаластин нанависад ва ҳамдардӣ накунад ва ҳатто кор ба ҷойе расид, ки аз болои ӯ тоҷикони худамон ба пулиси Олмон шикоят бурданд. Расонаҳои опозисиюни тоҷик аммо, на танҳо дар бораи Фаластин ҳарф назаданд, ки баръакс аз як саҳюнисти кӯдаккуш даъват карданд, яъне аз “бародар Фирдавс”, то сӯҳбат кунад, ки то қиёмат ин лаккаи нангро наметавонанд аз пешонии худ пок кунанд.

Зинда бод Фаластин ва поянда бод озодихоҳон дар ақсо нуқоти гетӣ!

С.И.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муқовимати Фаластин зарфи 24 соати ахир 23 тан аз сарбозони саҳюнистро аз по даровард
Узви аршади эътилофи пирӯзи Фаронса: “Бояд кишвари Фаластинро ба расмият бишносем”

Матолиби пурбоздид