Тарбияти амалӣ
Маорифи исломӣ
“Падар дар манзил агар амалаш ба гунае бошад, ки писар, духтар ва ҳамсар ҳамеша дар вуҷуди ӯ ҳақиқатро бибинанд, хонадони ӯ аҳли ҳақиқат хоҳанд шуд.
Дар вуҷуди ӯ на фақат намоз хонданро бибинанд, эҳтиром ба намозро бибинанд; бибинанд, аслан намоз барои ӯ як ҳақиқати мӯҳтараме аст.
Баччае мебинад, падараш намоз мехонад, аммо мебинад, ин намоз барои падараш кучактарини корҳост. Сари зуҳр, ки ба хона меояд, аз ҳамаи корҳояш фориғ шуда мехоҳад ноҳор бихӯрад, мегӯяд, чӣ қадр фосила то ноҳор ҳаст? Панҷ дақиқа. Пас мо намозамонро бихонем, то хаёламон роҳат шавад. Намоз дар дили бачча ба сурати як амри ғайри муҳим ворид мешавад.
Бар хилофи он баччае, ки падарро мебинад, барои ӯ намоз муҳимтарини корҳо ва аслҳост; ҳатто барномаашро тавре танзим мекунад, ки намози аввали вақташ аз байн наравад. Мусофират мехоҳад биравад, мегӯяд ба гунае биравем, ки аввали мағриб ба намозамон бирасем. Баъд ин намозро бо одоб ва мустаҳабботаш анҷом медиҳад. Аслан, намоз дар зеҳни ин бачча ҳолати дигаре пайдо мекунад.
Марҳум падари худамон ризвонуллоҳи алайҳи, мо аз баччагӣ инро медидем, ки аз назари эшон он чи ки марбут ба дин буд, дар ниҳояти эҳтиром буд; намоз як ҳақиқати мӯҳтарам, балки мӯҳтарамтарини ҳақиқатҳо буд, мо ҳис мекардем, моҳи Рамазон, ки меояд, воқеан як амри қобили эҳтироме меояд, як амре меояд, ки дорад истиқбол мешавад. Аз моҳи Раҷаб ва Шаъбон ба истиқбол мерафтанд, яъне мураттаб рӯзаи мустаҳаббӣ мегирифтанд; пешвоз мерафтанд. Пешвоз рафтан яъне меҳмоне дорад меояд, ки мо дорем истиқболаш мекунем. Одоби моҳи Раҷаб, одоби моҳи Шаъбон ва мустаҳабботи ин ду моҳ амал мешуд. Маълум буд, ки ба сӯйи як амри бузург ва хатир доранд мераванд.
Агар бачча як зарра қобил бошад, дар ӯ асар мегузорад. Агар дар хонаводае бачча ҳис кунад, ки падар ростиро ба далели ин ки ростӣ аст тарк намекунад ва дурӯғ асосан ба забони ин падар намеояд, ӯ ростгӯ мешавад. Аммо баччае, ки мебинад падараш ба хотири кучактарин манфиате дурӯғ мегӯяд, агар падар як соат биншинад, бигӯяд баччаҷон дурӯғ нагӯ, ӯ наметавонад бипазирад…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон)
qalamonline.net
Қаламонлайн













