Тарҷумаи манзуми сураи Фалақ
Умеди Маҷд
Сароғози гуфтор номи Худост,
Ки раҳматгару меҳрубон халқрост.
Бигу мебарам сӯи Яздон паноҳ,
Ки бишкофад ӯ осмон субҳгоҳ.1
Зи шарри он чиз к-у офарид.2
Зи шарри шабонгаҳ чу ояд падид.3
Зи шарри заноне, ки афсунгаранд,
Миёни гиреҳ сеҳри худ мебаранд.4
Зи шарри ҳар он кас ки бошад ҳасуд,
Чи бар дигарон ҳасраташро намуд.5
Тарҷумаи манзуми Умеди Маҷд
Қаламонлайн