Тафовути илм ва дин
Оё илм метавонад ҷойи динро бигирад?
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Инсон дар зиндагӣ, ҳам ба дин ниёзманд аст ва ба ҳам ба илм. Маъмулан, ин дуро ба ду боли паранда ташбеҳ мекунанд ва мегӯянд, илм ва дин барои инсон, ду боли парандаро монад, ки барои парвоз инсон ба ҳар ду ниёз дорад, ҳар ду лозиманд. Албатта, парвоз яъне ба ҷойе расидан, на баланд шудани сирф. Вагарна зиёданд касоне, ки фақат бо илм бидуни дин зиндагӣ мекунанд ва ба қавли худашон, хуб ҳам доранд зиндагӣ мекунанд. Парвоз, ки мегӯям, яъне расидан ба ҷойе.
Ҳамчунин манзурам аз илм дар ин ҷо, маънои луғавии он – ки огоҳӣ аст — нест, балки мурод, маънои истилоҳии он аст, ки бештар ҳамчун музоф ба кор меравад ва гуфта мешавад, илми физик, илми шимӣ, илми риёзӣ, илми ситорашиносӣ ва ғайра.
Хуб, дини бидуни илм, ба ҳамон андоза ба сари инсон мусбат ва бало оварда (ва меоварад), ки илми бидуни дин оварда. Шояд беҳтарин намунаи диндории бе илм дар таърих, ин Урупои қуруни вустост замоне, ки калисо ҳокими мутлақ дар он ҷо буд ва ҳатман хондаед, ки чӣ балоҳое ба номи дин ва ба номи дифоъ аз дин, ба сари донишмандон овардааст! Ҷордано Бруно, ки худаш як кашиши котулик буд, аз сӯйи калисо ба ин далел, ки ҳарфи хилофи дин гуфтааст, зинда-зинда сӯзонида шуд.
Ва намунаи зиндагии бидуни дин, зиндагии инсонҳо дар ду се қарни ахир хусусан дар Урупо (ва ҳатто кишварҳои ба номи исломӣ аст), ки чӣ мусибатҳо ва балоҳое оварда ва меоварад, ки албатта ҳанӯз натоиҷ ва “самароти” он тамоман намоён нашуда ва шояд то чанд даҳаи дигар беҳтар намоён гардад. Мақолае дар яке аз рӯзномаҳои урупоӣ хондам аз як ҷомеашинос, ки мегӯяд: “Қорраи Урупо агар рӯй ба дин наёварад ва арзишҳои динӣ дар ҷомеаҳои урупоӣ ниҳодина нашавад, то чанд даҳа, дигар хабаре аз инсони урупоӣ нахоҳанд монд, муҳоҷирини осиёӣ ва ё офриқоӣ хусусан мусалмонҳо ҷойи сокинони Урупоро хоҳанд гирифт.” Аз як руҳонии маъруфи русӣ низ шабеҳи инро шунида будам, дар шабакаи иҷтимоӣ.
* * *
Хуб, ҳоло фарқи дин бо илм чист. Илм кораш баёни чистӣ ва моҳияти ашё ва чигунагии тасарруф дар онҳост. Шумо бо силоҳи илм, метавонед дар ҳаста (атом) масалан тасарруф кунед. Аммо бо ин ҳама, илм кораш баёни чароии вуҷуди ашё нест. Илм ҳаргиз ва абадан қодир нест ба ин суоли шумо посух бидиҳад, ки чаро инсон мавҷуд аст? Асосан, посух ба ин пурсиш дар қаламрави масъулиятҳои ӯ нест. Масъулияти илм баёни равобити ашё, роҳҳои тасарруф ва истифода аз онҳост, на сабаб ва чароии вуҷуди онҳо.
Ин ҷост, ки нақши дин равшан мешавад. Ин дин аст, ки мегӯяд, инсон чаро офарида шуда ва чӣ касе ӯро офарида ва ғайра аз садҳо ва ҳазорон суоли инчунинӣ. Ин дин аст, ки “бояд” ва “набояд” барои инсон ва зиндагии ӯ таъйин мекунад; бояд рост гуфт, бояд содиқ буд, бояд вафодор буд, набояд дурӯғ гуфт, набояд хиёнат кард ва ғайра. Ин дин аст, ки вазоифе барои саодати ӯ дар дунё ва охират таъйин мекунад ва масалан мегӯяд, ту дар баробари офаридгори худ, дар баробари ҳамсари худ, дар баробари фарзандони худ, дар баробари ҳамсоя ва ҳамватанони худ чунину чунон вазифаҳое дорӣ.
Хулоса, инсон дар зиндагӣ ба ҳар ду ниёз дорад. На метавонад бидуни эҳтиёҷ ба илму дониш зиндагии худро пеш бибарад ва на бидуни дин зиндагии саодатмандонае дошта бошад. Ҳар ду зарурӣ ҳастанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
qalamonline.net
Қаламонлайн













