Тафовутҳои аслии фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб

Фарҳанг

Тафовутҳои аслии фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб

Андешкадаи Қалам

Тафовути фалсафаи исломӣ бо фалсафаи ғарб аз назари файласуфи шаҳири омрикоӣ

Бархе файласуфони муҳим дар ғарб дар ҳоли ҳозир ҷиҳатгирии динӣ доранд ва мавриди эҳтиром ҳастанд аз ҷумла Роберт Оудӣ (Robert Audi), аммо бархе душманиҳо низ вуҷуд дорад. Замоне ки Тумос Ногил (Thomas Nagel) – шояд яке аз матраҳтарин файласуфони зиндаи ҳоли ҳозири ғарб — китобе навишт ва дар он моддигаройӣ (materialism) ва худонобовариро мавриди нақд қарор дод ва пурсишҳои ҷиддӣ дар хусуси он матраҳ кард, вокуниши мунтақидон ба суханон ва навиштаи ӯ бисёр тунд, шадид ва хасмона буд. Дар ҳоле ки худи Ногил як худонобовар аст. Ҳайратовар буд, ки ҳамкорони секулораш чунин интиқодоти шадиде ба ӯ доштанд ва ӯро мавриди нақд қарор доданд, ки чаро сухан аз имкони вуҷуди Худоро матраҳ кардааст?!

***

Чорлз Толёфиру (Charles Taliaferro), файласуфи шаҳир ва устоди фалсафаи Донишгоҳи Сент Улоф (St. Olaf) дар Минесуто (Minnesota)-и Омрико мӯътақид аст, фалсафаи исломӣ ба таври зарифе тавониста ақлро бо ваҳйи илоҳӣ пайванд диҳад.

Инак, гуфтугӯи Чорлз Толиёфиру дар ин мавзӯъ:

— Тафовутҳои аслии фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб чист?

— Шояд муҳимтарин тафовут миёни фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарби кунунӣ ин аст, ки фалсафаи ғарб дар ҳоли ҳозир дар муқоиса бо фалсафаи исломӣ, секулортар аст. Аммо нуктае, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад ин аст, ки мизони секулор будани фалсафаи ғарб набояд ба сурати муболиғаомез мавриди муҳосиба ва таъкид қарор гирад. Бештари файласуфон дар ғарб аз Питогурос (Pythagoras) – аввалин касе ки ба унвони файласуф дар ғарб шинохта мешавад — то даврони кунунӣ, ба Худо ё худоён ва ваҳй таваҷҷӯҳ доштаанд. Бар ин асос, ҳатто бояд мунтақидони ҷиддии дин дар ғарб аз Эспинузо (Spinoza) то Ҳюм (Hume) ва аз Кант (Comte) то Бертронд Росел (Bertrand Russell)-ро низ арҷ ниҳод; чаро ки ин файласуфон низ масоили муҳиммеро тарҳ ва мавриди баҳс қарор додаанд.

Бархе файласуфони бисёр муҳим дар ғарб дар ҳоли ҳозир ҷиҳатгирии динӣ доранд ва мавриди эҳтиром ҳастанд аз ҷумла Роберт Оудӣ (Robert Audi), аммо бархе душманиҳо низ вуҷуд дорад. Замоне ки Тумос Ногил (Thomas Nagel) – шояд яке аз матраҳтарин файласуфони зиндаи ҳоли ҳозири ғарб — китобе навишт ва дар он моддигаройӣ (materialism) ва худонобовариро мавриди нақд қарор дод ва пурсишҳои ҷиддӣ дар хусуси он матраҳ кард, вокуниши мунтақидон ба суханон ва навиштаи ӯ бисёр тунд, шадид ва хасмона буд. Дар ҳоле ки худи Ногил як худонобовар аст. Ҳайратовар буд, ки ҳамкорони секулораш чунин интиқодоти шадиде ба ӯ доштанд ва ӯро мавриди нақд қарор доданд, ки чаро сухан аз имкони вуҷуди Худоро матраҳ кардааст?!

— Чаро дар даврони кунунӣ мутолеа ва хондани фалсафаи исломӣ зарурат дорад?

— Далоили мухталифе барои ин мутолеа вуҷуд дорад. Яке аз далоил ин аст, ки бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки фалсафаи исломӣ таъсири амиқ ва жарфе бар ғарб гузоштааст ва аз ин ҷиҳат бояд қадрдони фалсафаи исломӣ буд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар хусуси нақши файласуфони араб ва форс дар шакл додан ба андешаҳои файласуфони муҳимме чун Тумос Окуинос (Thomas Aquinas), Рене Декорт (Rene Descartes) ва Ҳюм таваҷҷӯҳи муносибе сурат нагирифтааст ва ин нақш мавриди таваҷҷӯҳи чандоне набудааст. Ин се файласуф танҳо файласуфоне нестанд, ки аз фалосифаи исломӣ ва эронӣ мутаассир шудаанд, балки файласуфони зиёде дар суннати фалсафаи ғарб ҳастанд, ки аз орои файласуфони исломӣ ва эронӣ мутаассир шудаанд.

Далели дуввум барои мутолеаи орои файласуфони исломӣ дар ҳоли ҳозир ин аст, ки бовар дорам, ки фалсафаи исломӣ аз тадовум ва суботи густардатаре барои арзёбии нақши бурҳон, таҷриба ва тасаввур (imagination) бархӯрдор аст. Ба назар мерасад, мо дар ғарб миёни ашколи мухталифе аз ақлоният ҳаракат мекунем. Ҳамчунин дар суннати фалсафаи ғарб ба назар мерасад, мо фалсафаҳои гуногунеро шоҳид ҳастем, ки меҳвариятро ба эҳсос ва хаёл медиҳанд, аммо фалсафаи исломӣ чун қаторе будааст, ки тақрибан мутаваҷҷеҳи шакл додан ба чашмандози якпорча аз як сӯ ва шеваи зиндагӣ аз сӯйи дигар будааст. Ҳамчунин бояд ин нуктаро низ изофа кунам, ки фалсафаи исломӣ низоми фалсафие аст, ки ба таври зарифе тавониста ақлро бо ваҳйи илоҳӣ пайванд диҳад.

— Чӣ гуна файласуфони исломӣ тавонистанд, омӯзаҳои ваҳёниро бо фалсафаи Юнон ва ба вижа фалсафаи Арасту, ки моҳияти секулор дорад, пайванд бизананд?

— Пурсиши ҷолиби таваҷҷӯҳе аст. Фалсафаи исломӣ аз оро ва андешҳои Афлотун ва Арасту баҳра бурда ва ин андешаро баст ва густариш додааст. Дар ин хусус метавон ба ал-Кендӣ ишора кард, ки файласуфе арастуӣ аст. Ӯ тавонист фалсафаи Арастуро, ки мабнои дунёмеҳварӣ аст, тағйир бидиҳад. Нуктае, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад ин аст, ки дар ҳоле ки ин тафаккур ва эҳсос дар мо вуҷуд дорад, ки Арасту аз Афлотун секулор ҳастанд, дар шарқ аммо фалсафи онҳо заминасози ин шуд, ки миёни фалсафа ва илоҳиёт навъе пайванд барқарор шавад.

Аммо дар ғарб ин пайванд аз сӯйи бисёре аз мутафаккирони секулор мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифта ва фалсафа ва илоҳиёт бо якдигар пайванде надоранд. Аммо бархе файласуфон аз ҷумла худи ман, тавонистаем байни суннати афлотунӣ-арастуӣ ва зиндагии имонӣ иртибот ва пайванд барқарор кунем. Ин пайванд ба назари ман мусмири самар аст.

— Дар ҳоле ки мактаби равшангарӣ иддаъо мекунад, ки метофизик қобили шиносоӣ нест ва барои он асолате қоил нест, чаро мактабҳои фалсафӣ дар талошанд, то миёни амри қудсӣ ва ақлонӣ пайванд барқарор кунанд? Ба иборати дигар, баъд аз асри равшангарӣ (renaissance) ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки равшангарӣ барои метофизик арзише қоил нест, аммо шоҳиди ин ҳастем, ки бархе мактабҳои фалсафӣ ба дунболи пайванд миёни амри қудсӣ ва ва истидлоли ақлӣ ҳастанд. Далоили ин амр чист?

— Садҳо сол баъд аз асри равшангарӣ дар Урупо, андешмандон ва асотиди мухталифе зуҳур карданд, ки дар талош шуданд, то равшангарӣ ва аҳаммияти онро бишносанд. Эмануил Конт ба дунболи ин буд, ки маърифат ва дониши мо аз ҷаҳон ва Худоро — аз раҳгузари нақди усули метофизики суннатӣ — бо фаҳми ҷадид ҷойгузин кунад. Кант ба дунболи ин буд, то имон ба Худо ва озодии иродаро бештар бар асоси ақли амалӣ бино ниҳад, то истидлоли метофизикӣ.

Ӯ саъй дошт, ки имони мо ба амри қудсӣ маҳфуз бимонад ва умед ва орзуи таҳаққуқи адолати ҷаҳонӣ дар мо боқӣ бимонад. Қарор буд ин ибқо бар асоси ақлоният бошад. Баъд аз Конт ва он чӣ ба давраи румонтик маъруф шуд, бисёре аз файласуфон ва шоирон роҳеро ҳамвор карданд, ки бар асоси он, ин истидлол, ки ақлоният муқаддас аст-ро аз байн мебарад. Дар воқеъ онҳо аз ақлоният тақаддусзудоӣ карданд. Имрӯза метофизик бозгаштааст, агарчӣ мунтақидони зиёде дорад. Албатта мудофеъоне низ дорад. Дар миёни мудофеъон афроде чун Питер Ван Инвоген (Peter van Inwagen) ва Э.Ҷ. Луӣ (E.J. Lowe) таҳқиқоти муҳимме дар дифоъ аз метофизик ва амри қудсӣ бар мабнои ақлоният анҷом додаанд.

Mehrnews

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саъдии Шерозӣ дар баёни Илоҳии Қумшаӣ
Оё забон бо ҳувияти инсонҳо дар иртибот аст?

Матолиби пурбоздид